Рубрики Pressa

Мулоқоти Далер Ҷумъа бо муовини Сарвазири Русия


Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо муовини Сарвазири Федератсияи Русия Александр Новак мулоқот кард.

“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва таъминоти маҳсулоти нафтиро мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ медиҳад вазорати энергетикаи Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки Русия нақши муҳимро дар таъмини бозори дохилии  Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ иҷро менамояд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштаракро дар бахши энергетика, аз ҷумла фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» муҳокима намуда, аз дастовардҳои ба дастомада дар ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти ин иншооти муҳими энергетикӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *