Рубрики Pressa

Тафсилоти суҳбати телефонии Путин ва Трамп


Мушовири президенти Русия Юрий Ушаков тафсилоти суҳбати телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путинро шарҳ дод. Дар ин бора “РИА Новости” хабар додааст.

Нуктаҳои муҳимтарини суҳбати онҳо чунин аст:

  • Путин Трампро бо ба эътидол омадани вазъ дар навори Ғазза табрик кард;
  • Путин мавқеи Русияро оид ба ҳалли мушкилоти Шарқи Наздик баён намуд;
  • Трамп дар суҳбат бо Путин зарурати ҳарчи зудтар расидан ба сулҳ дар Украина ва душвортарин будани ин низоъро таъкид кард;
  • Путин дар суҳбат бо Трамп талошҳои бонуи аввали ИМА-ро барои бозгардонидани кӯдакони рус ва укроин ба оилаҳояшон баланд арзёбӣ намуд;
  • Путин ба Трамп гуфт, ки мушакҳои “Томаҳавк” вазъро дар ҷабҳа тағйир намедиҳанд, аммо ба муносибатҳои Русияву ИМА ва раванди сулҳи Украина зарар мерасонанд;
  • Омодагӣ ба нишасти Русия ва ИМА аз суҳбати телефонии Лавров ва Рубио оғоз меёбад;
  • Будапешт ҳамчун ҷойи баргузории вохӯрӣ аз ҷониби Трамп пешниҳод шуд ва Путин онро ҷонибдорӣ кард;
  • Суҳбати Путин бо Трамп бо ташаббуси ҷониби Русия баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *