Аз 1-уми октябри соли 2025 дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои гирифтани ваколатномаи идораи воситаи нақлиёт ду баробар зиёд шуд. Ин тағйирот ба ҳамаи гурӯҳҳои шаҳрвандон дахл дорад.
Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ворид гардида, Ҳукумати кишвар лоиҳаи онро 29-уми майи соли ҷорӣ тасдиқ ва ба баррасии парлумон пешниҳод намуда буд. Вакилони Маҷлиси намояндагон онро 25-уми июн қабул карда, рӯзи 1-уми октябр қонунро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонд. Қонуни мазкур пас аз як моҳи нашр дар матбуоти расмӣ ҳукми амал мегирад.
Аз ин баъд шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба шахси дигар ҳаққи истифодаи нақлиётро вогузор намоянд, вазифадоранд бештар боҷи давлатӣ пардохт кунанд.
Арзиши нави боҷи давлатӣ чунин муайян шудааст:
- Фарзанд, ҳамсар, падару модар: аз 18,75 сомонӣ ба 37,5 сомонӣ;
- Бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ: аз 37,5 сомонӣ ба 75 сомонӣ;
- Дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ: аз 150 сомонӣ ба 300 сомонӣ;
- Ҳуқуқи ихтиёрдории воситаи нақлиёт: аз 1125 сомонӣ ба 2250 сомонӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube