Рубрики Pressa

Оғози бунёди корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”


Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба бунёди корхонаи нави саноатӣ санги асос гузошта шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо номи “Фуд Агро Суғд” бунёд меёбад. Корхона то соли оянда ба истифода дода шуда, барои 100 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фуд Агро Суғд” инчунин, нақша дорад дар шаҳри Конибодом дар масоҳати 500 гектар боғи нав бунёд намояд.

Татбиқи ин ташаббус имкон медиҳад, ки ҷамъият бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ раванди пурраи коркард ва бандубасти меваҳоро ба роҳ монда, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *