Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки аз 18 октябри соли 2025 дар пойтахт мавсими гармидиҳӣ расман оғоз мегардад.
Дар робита ба ин, мақомоти шаҳрдорӣ аз сокинон, идораҳо ва муассисаҳо даъват мекунанд, ки то оғози расмии мавсим, таҷҳизоти гармидиҳии хона ва ҷойи кории худро санҷида, онҳоро ба таври лозимӣ омода намоянд.
Ҳамзамон, мақомот таъкид мекунанд, ки риояи қоидаҳои истифодаи дурусти таҷҳизоти гармидиҳӣ муҳим буда, ба таъмини амнияти сокинон ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube