Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии “Тоҷи Сомон”, ки аз 15 то 19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо эълони ғолибон ҷамъбаст гардид.
Ба иттилои Кумитаи тадорукот, барои иштирок дар ҷашнвора беш аз 300 дархост пешниҳод гардида, аз миёни онҳо 160 филм аз 16 кишвар, аз ҷумла Русия, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, барои намоиш интихоб шудаанд.
Ғолибони асосии ҷашнвора:
Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ – Муҳиддини Музаффар барои филми «Моҳӣ дар шаст» (Тоҷикистон ва Эрон);
Беҳтарин коргардон – Алексей Герман барои филми «Ҳаво» (Русия);
Беҳтарин наворбардор – Константин Бесаҷе барои филми «Қасри сиёҳ» (Беларус);
Беҳтарин оҳангсоз – Фарзин Халакбар барои филми «Моҳӣ дар шаст» (Эрон);
Беҳтарин нақши мардона – Алтаншагай Ганбаатр барои филми «Падар» (Муғулистон);
Беҳтарин нақши занона – Анастасия Тализина барои филми «Ҳаво» (Русия) ва Таҳмина Раҷабова барои филми «Хоби сурх» (Тоҷикистон);
Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ – Саодат Казакбаева барои филми «Занги шомгоҳӣ» (Қирғизистон);
Ҷоизаи махсуси ҳакамон – Гулшод Сумангулова барои филми «Шаҳрвандони бом» (Қазоқистон);
Ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобин – Иван Маниев барои филми «Шаҳзода» (Молдова);
Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография” – Турахон Аҳмадхонов (Тоҷикистон);
Ҷоизаи “Синамо бидуни марз” – Лариса Садилова барои филми «Духтари капитан» (Русия).
Маросими ҷамъбасти ҷашнвора шоми 19 октябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube