Рубрики Pressa

Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ифтитоҳ шуд


Имрӯз, 20 октябр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатӣ  ифтитоҳ ёфт.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.

Дар маросими ифтитоҳ ба фаъолияти се корхонаи калони саноатӣ бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшида шуд ва ҳамзамон ба бунёди се корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд.

Гуфта мешавад, бо омода шудани корхонаҳои нав, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба зиёда аз 1100 нафар хоҳад расид. Маоши коргарон аз 4 500 то 12 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *