Дар ноҳияи Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи пахтасупорӣ пурра иҷро шудааст. Аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон, аллакай 9 шаҳру ноҳия нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Пахтакорони ноҳияи Ҷайҳун дар умум 16 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 100 дарсади нақшаи пешбинишуда аст.
Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам имрӯз аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта хабар додааст. Пахтакорони ноҳияи мавриди назар 20 ҳазору 600 тонна пахта ҷамъ кардаанд. Вале ҳанӯз ҳосил кам нест ва ҷамъоварии он идома дорад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар сафари кории хеш ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ бо масъулин ва хоҷагидорон мулоқот намуда, онҳоро ҳавасманд намудааст.
Зимни мулоқоти самимӣ бо хоҷагидорон ва раисони ҷамоатҳо раиси вилоят Давлаталӣ Саид иҷрои нишондоди дурнамои истеҳсолии пахтаро бо хушнудӣ пазируфта, ин дастоварди назаррасро ба онҳо ва кулли пахтакорони ноҳия табрику муборакбод намуданд.
Дурнамо дар вилояти Хатлон 254 ҳазору 300 тонна аст ва 17 октябр беш аз 220 ҳазору 418 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 87 дарсади нақшаро ташкил мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube