Рубрики Pressa

Дар Тоҷикистон амалиёти «Пиёдагард» баргузор мешавад


Аз 20 то 30 октябр дар Тоҷикистон бо мақсади бехатарии пиёдагардон, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат ва коҳиш додани сатҳи садама амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД аз тамоми шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар гузаронидани амалиёт фаъол бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Раёсати БДА таъкид мекунад, ки дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ маҳз бо иштироки пиёдагардон рух медиҳанд ва ин боиси нигаронӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *