Дар ноҳияи Панҷ як оилаи ниёзманд бо хонаи нави истиқоматӣ таъмин гардид. Ин иқдом бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, шахсони саховатманд ва кӯмаки муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ шудааст.
Фирӯза Менглиева, сокини деҳаи Куҳандеҳи ҷамоати деҳоти Озодагон, соҳиби манзили нави сеҳуҷрадор гардид. Ба иттилои масъулони маҳаллӣ, хонаи мазкур пурра бо лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин буда, барои зиндагии шоиста омода шудааст.
Фирӯза Менглиева чор фарзанди хурдсол дорад. Баъд аз вафоти шавҳараш, ӯ маҷбур буд бо фарзандонаш дар хонаи падар зиндагӣ кунад. Акнун, бо дастгирии ҷомеа, ин модари танҳо соҳиби манзили шахсӣ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube