Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Имангалӣ Тасмагамбетов зимни мулоқот бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба корҳои азнавсозӣ, таҷҳизонидан ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадии кишвар баҳои баланд дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералӣ, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 35-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ, назорати прокурорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравиро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти муқовимат ба терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ равона гардид.
Дабири кулли СПАД таъкид кард, ки таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бояд ҳамчун як вазифаи муҳими умумиминтақавӣ аз ҷониби ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.
Ҳамзамон, Имангалӣ Тасмагамбетов аз саҳми муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи Барномаи байнидавлатии таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ситоиш кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube