Рубрики Pressa

Чаҳор рӯз истироҳати пайиҳам дар Тоҷикистон


Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони кишвар аз 6 то 9 ноябр чор рӯзи пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, шанбе – 1 ноябр рӯзи корӣ ва ҷумъа – 7 ноябр рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ин тағйирот дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи интиқоли рӯзҳои истироҳат дар соли 2025» (аз 28 феврали соли 2025, №121) амалӣ мегардад.

Онҳое, ки ҳафтаи кории панҷрӯзӣ доранд, аз 6 то 9 ноябр истироҳат мекунанд ва рӯзи 10 ноябр ба кор мебароянд. Барои кормандони ҳафтаи шашрӯзӣ бошад, танҳо ду рӯзи истироҳат (6 ва 7 ноябр) муқаррар шудааст, зеро 8 ноябр рӯзи корӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Конститутсия яке аз идҳои расмии давлатӣ буда, ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад. Имсол Тоҷикистон 31-солагии қабули Конститутсияро ҷашн мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *