Нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ дар 9 моҳи соли 2025 бо 14,6 % афзоиш иҷро гардид. Дар натиҷа, зиёда аз 2 миллиард доллар ба буҷети давлатӣ ворид шуд.
Ба иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ин муддат ба ҷойи 16 миллиарду 967,4 миллион сомонӣ пешбинишуда, 19 миллиарду 446,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Ин нишондод нисбат ба нақша 2,479 миллион сомонӣ бештар буда, онро масъулин натиҷаи рушди иқтисодӣ ва рақамисозии низоми андоз медонанд.
«Барзиёд иҷро гардидани нақша асосан ба воситаи тадриҷан такмил ёфтани расмиёти маъмурии андоз, хидматрасониҳои электронӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тадбирҳои назоратӣ, ки бар асоси идоракунии хавфҳо роҳандозӣ шудаанд, таъмин гардид», омадааст дар иттилоияи кумита.
Саҳми минтақаҳо дар иҷрои нақша:
- Душанбе — 19,6%
- Раёсати андозсупорандагони калон — 13,7%
- Ноҳияҳои тобеи марказ — 8%
- Вилояти Суғд — 6,7%
- ВМКБ — 4,6%
- Вилояти Хатлон — 1,6%
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳаҷми умумии даромади буҷет дар моҳҳои январ-июл 65,9%-и онро пардохти андозҳо ташкил додааст. Ба андозҳои асосӣ андоз аз даромад, арзиши иловашуда ва аксизҳо дохил мешаванд. Барои соли 2025 нақшаи воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳо зиёда аз 31,8 миллиард сомонӣ муқаррар гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube