Дар маҳаллаи “Ҳаёти нав” – и шаҳри Бохтар роҳи мошингард бо дарозии 1 километру 200 метр мумфарш карда шуд. Ҳамчунин, ду паҳлуи роҳ чароғон карда шудааст.
Дар бозсозии роҳи маврди назар Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар иштирок карда, гуфт, ки роҳсозӣ ва таъмири инфрасохтор яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад ва чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Роҳи мошингард, ки ба таъмир ниёз дошт бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон пурра мумфарш гардида, чароғҳои равшанидиҳанда насб ва хатҳои зебои паҳлӯии роҳ таъмир шуданд.
Ин иқдом дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар амалӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube