Рубрики Pressa

Ҷарроҳиҳои мураккаб бо кӯмаки табибони Швейсария дар Душанбе


Дар Маркази миллии тиббии «Шифобахш» мубодилаи таҷриба миёни табибони тоҷик ва Швейсария дар самти ташхис ва муолиҷаи бемориҳо идома дорад.

Гурӯҳи табибон аз Швейсария, аз ҷумла анестезиологҳо, ҷарроҳон, нейрохирургҳо ва дигар мутахассисон, якҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ амалҳои ҷарроҳии мураккабро анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни ҳамкорӣ, ба ҷарроҳии навзодон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

То имрӯз табибони ду кишвар якҷоя чандин амалиёти ҷарроҳии душвор, аз ҷумла ҳангоми атрезияи роҳҳои сафровӣ ва дигар патологияҳои модарзодӣ бомуваффақият анҷом додаанд.

Илова бар ин, ҷониби Швейсария ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш» таҷҳизоти муосири тиббӣ тақдим намудааст. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси табибон ва татбиқи усулҳои нави ташхису муолиҷа дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамкории судманди табибони Тоҷикистону Швейсария намунаи равшани мубодилаи дониш ва таҷрибаи муосир дар соҳаи тандурустӣ буда, ба рушди минбаъдаи низоми тандурустии кишвар саҳми муҳим мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *