Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 100% иҷро шуд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додаанд.
Гуфта шуд, ки маҳз натиҷаи ҳамкории доимӣ, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, хеле зиёд ба назар мерасад”.
Ин даъвати чоруми ҷавонони диловару ғаюр ба сафи Артиши миллӣ аст, ки пеш аз муҳлат пурра иҷро мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube