Рубрики Pressa

МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои даври ниҳоии иқдоми “МегаМиллион”-ро ҷамъбаст кард


Ширкати МегаФон Тоҷикистон оид ба анҷоми бомуваффақияти иқдоми бомиқёси МегаМиллион” хабар дода, натиҷаҳои даври ниҳоии бозии бурднокро эълон менамояд. Шоҳҷоиза – 1 000 000 сомонӣ насиби Насиба Кенжаева, аз ноҳияи Хуросон шуд. Ба ғайр аз ҷоизаи пулӣ, дар байни ғолибони ниҳоӣ гаҷетҳои арзишманд, аз ҷумла iPhone 16 Pro, MacBook Air 15 ва PlayStation 5 Slim низ бурд карда шуданд.

Иқдоми МегаМиллион ба ҳар як муштарӣ имкон дод, ки бо харидани ID-рамзи нодир бо маблағи ҳамагӣ 3 сомонӣ иштирок кунад. Даври ниҳоии бозии бурднок, ки рӯзи 22 октябр баргузор шуд, дар шабакаи телевизионии “Сафина” ва дар саҳифаи расмии ширкат дар Instagram ба таври мустақим пахш шуд ва дар саросари кишвар тамошобинони зиёдеро ҷалб кард. Ғолибон тариқи лототрон, ки ID-рамзҳои нодирро ба таври тасодуфӣ интихоб мекард, муайян карда шуданд.

“То он даме, ки номи худро дар эфир нашунидам, бовар намекардам! Ин як бахту иқболи бузург барои аҳли оилаам аст. Ташаккур ба МегаФон Тоҷикистон барои чунин имконияти бебаҳо”, – аз таассуроти худ сухан карда, иброз дошт Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон.  

Пахши мустақими даври ниҳоӣ бо фазои идона фаро гирифта шуда, тамошобинон ғолибонро фаъолона табрик карданд ва таассуроти худро иброз доштанд. Чунин вазъият чорабиниро воқеан барҷаста ва хо тирмон гардонид.

“Ман танҳо барои дилхушӣ иштирок кардам, ҳоло бошад, дар даст iPhone 16 Pro дорам! Тасвиркунии чунин эҳсосотро ғайриимкон аст. Ташаккур барои имконият ва нерӯи мусбат”, – изҳор дошт Салимзода Ҳусейнҷони Маҳмадалӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Дар марҳилаи миёнаи иқдоми “МегаМиллион” муштариён аллакай соҳиби тӯҳфаҳои арзишманд, аз қабили телевизор, смартфон, гӯшмонакҳо, соатҳои доно ва аккумуляторҳои берунӣ (powerbank) шуда буданд. Дар баробари ин, ҳар як иштирокчӣ, ки ID-рамзи нодирро ба даст оварда буд, тӯҳфаи кафолатдодашуда: 100 МБ трафики интернетро ба даст овард.

“Дидани чеҳраҳои шоду хурсанди муштариёни мо бебаҳост. Иқдоми “МегаМиллион” даҳҳо ҳазор одамонро дар саросари кишвар муттаҳид карда, эҳсосоти бепоёни гуворо ҳадя намуд. Чунин лаҳзаҳо дар хотираҳо муддатҳои тӯлонӣ боқӣ мемонанд ва шаҳодатгари беҳтарини он ҳастанд, ки мо барои муштариёни худ кор мекунем”, – қайд кард Илдар Салихов, директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *