Рубрики Pressa

Ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи Тоҷикистон ворид шуд


Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон зиёда аз 750 мутахассиси ҷавон омода гардидааст. Ҳамзамон, ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи кишвар ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд.

Тавре муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ “AI Conf 2025”дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ворид намудани зеҳни сунъӣ ба низоми маориф қадами муҳим дар самти таҳкими неруи зеҳнии ҷавонон ва мутобиқсозии таълим ба талаботи замони муосир мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом имкон медиҳад, ки насли нав бо донишҳои рақамӣ шинос шуда, дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир гардад.

Гуфта мешавад, экосистемаҳои зеҳни сунъӣ дар кишвар босуръат рушд мекунанд ва Тоҷикистон тадриҷан ба майдони ҷолиб барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Мувофиқи гуфтаи иштирокчиёни конфронс, зарурати истифодаи зеҳни сунъӣ имрӯз беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад, зеро он метавонад на танҳо кори инсонро осон созад, балки дар таҳлил, эҷод ва қабули қарорҳои муҳим нақши калидӣ бозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *