Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 60 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ пурра мумфарш ва бозсозӣ гардиданд. Ин иқдом бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд амалӣ шудааст.
Ба иттилои масъулин, дар доираи корҳои ободонӣ 61 километр роҳҳои мошингард таъмиру мумфарш карда шудаанд ва корҳо то охири соли равон идома хоҳанд ёфт.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар рафти мумфаршкунии роҳи мошингарди деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти Норин иштирок намуда, аз ҳамкории мардуми саховатманд ва соҳибкорон дар корҳои ободонӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар деҳаи мазкур бо саҳми соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд 1 километру 500 метр роҳ пурра мумфарш шудааст.
Мақомоти ноҳия таъкид мекунад, ки амалисозии чунин ташаббусҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дошта, ҳадаф аз он беҳтар намудани инфрасохтори роҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube