Рубрики Pressa

Қитъаи роҳи баҳсии Исфара – Чоркуҳ – Ворух дубора ба ҷониби Тоҷикистон гузашт


Қитъаи роҳи мошингарди баҳсии Исфара – Чоркуҳ – Ворух, ки дар пайи муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон чанд сол боз баста буд ва баъди музокирот ба ҷониби Тоҷикистон гузашта, дубора боз шуд.

Дар ин бора ба Pressa t.j аз мақомоти вилояти Суғд хабар доданд.

Роҳ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Айбек Шаменов боз шуд.

 Ёдовар мешавем, ки қаблан бинобар баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд. Акнун, баъди боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинон осонтар шуд.

Мувофиқи Созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ, ки аввали соли равон ба имзо расид, 65 гектар замини Қарабоқи Қирғизистон ба Тоҷикистон дода шудааст, ки ин қитъаи роҳи баҳсӣ низ дар он ҷойгир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *