Рубрики Pressa

Дар бунбаст (Идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)


Зимистони он сол қаҳратун омад. Шамол бо тундӣ мевазид, барф бо шиддат меборид. Табиат ҳамаро ба пироҳани сарди сафед печонида буд. Он сармо ва сан­гинӣ то дер дар ёди мардум боқӣ монд. Ағбаи Анзоб – роҳи наҷот ва пайвандгари асосии Шимол бо маркази ҷумҳурӣ зери кӯрпаи ғафси барф ба хоби тӯлонии зи­мистон рафта буд. Панҷ моҳи тамом шимоли кишвар аз маркази Тоҷикистон канда мегашт.

Он рӯзҳо Иттиҳоди Шуравӣ дар гирдоби парокандагӣ қарор дошт. Хатҳои робита, ки солҳои дароз ҷумҳуриҳо­ро ба ҳам мепайвастанд, як ба як канда мешуданд. Де­ворҳои ноаёни ҷудоӣ миёни ҳамсоягон қомат меафрох­танд. Он чизе, ки бародариву баробарӣ ном дошт, он рӯзҳо ба шубҳа ва беэътимодӣ табдил меёфт.

Муносибатҳо миёни ҷумҳуриҳо рӯз то рӯз заифтар ме­шуд. Равуо мушкил гашта буд. Барои расидан ба Панҷа­кент дигар роҳи кӯтоҳу пурпечутоби Анзоб вуҷуд надошт. Роҳ охири тирамоҳу зимистону аввали баҳор баста буд.

Мусофир маҷбур мешуд аз роҳи тӯлонии Ӯзбекистон гузарад: аввал Сари Осиё, баъд Бойсун, сипас Деҳқоно­бод, Шаҳрисабз, ағбаи пуршебу хатарноки Китоб ва аз он ҷо ба Самарқанд ва баъдан ба Панҷакент. Роҳе, ки қа­риб панҷсад километрро ташкил медод.

Дар чунин шароит маъракаи интихобот ба як санҷи­ши ҷиддӣ табдил ёфт. Саволҳои зиёде пеш меомаданд: чӣ гуна бояд тарғиботчиён аз Душанбе ба Панҷакент бурда шаванд? Чӣ гуна метавонистем паёми номзадро ба мардум расонем, вақте ки роҳҳо баста буданд, му­носибатҳо миёни ҷумҳуриҳо сард шуда буд ва умедҳо ба оянда норавшан менамуданд? Ҳар қадам дар зоҳир осон менамуд, аммо дар асл пур аз монеа, тарсу шубҳа ва ноустуворӣ буд.

Дар чунин вазъ роҳи ягона такя ба мардуми бомаъри­фати маҳаллӣ буд. Чӣ қадар душворӣ набошад ҳам, бо­вар ба он мардум, ки решаҳояшон ба тамаддуни шашҳа­зорсолаи Саразм ва Самарқанд пайвастагӣ дошт, умед мебахшид. Маҳз ба чунин мардум метавонистем такя кунем: ба пирони оқил, ки таҷрибаи ҳаётро бо ибрати хирад омехта буданд; ба муаллимони соҳибэҳтиром, ки наслҳои зиёдро бо илму маърифат парвариш дода бу­данд; ба табибони бообрӯ, ки бо дасти шифобахши худ на танҳо бемор, балки эътимоди мардумро низ табобат мекарданд.

Инҳо шахсиятҳое буданд, ки мардум суханашонро ме­шуниданд ва ба онҳо бовар доштанд. Як пири деҳа бо сухане метавонист рафти овоздиҳиро дар ҷамоат тағйир диҳад. Муаллим бо ҳарфе метавонист дили даҳҳо шогир­ди собиқашро, ки сарвари хонавода ва фарзандон бу­данд, ба номзаде гарм кунад. Як табиби мардумӣ мета­вонист дар байни беморон ва наздиконашон эътимодро бедор намояд.

Натиҷаи интихобот, пеш аз ҳама, аз ҳамин гуна шах­сиятҳо вобаста буд. Чӣ қадар, ки гурӯҳҳои сиёсӣ кӯшиш мекарданд мардумро бо шиору овеза ҷалб кунанд, ҳа­мин шахсиятҳои маҳаллӣ буданд, ки бо обрӯву маърифат овозҳоро ба самти худ мекашиданд.

Аз ин рӯ, мо фаҳмидем, ки маъракаи интихобот танҳо як муборизаи сиёсӣ нест, балки як санҷиши маънавӣ низ ҳаст: санҷиши эътимод ба мардум ва санҷиши қудрати шахсиятҳое, ки реша дар замини худ доштанд. Онҳо су­тунҳое буданд, ки маъракаро пеш мебурданд ва натиҷаи интихобот аз сухану раъйи онҳо вобаста буд.

МУЛОҚОТ ДАР ПАНҶРӮД

Аввалин мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон дар деҳаи Панҷрӯди ҷамоати Рӯдакӣ баргузор гардид. Он рӯз толори маҷлис ба маъракаи бузурге табдил ёфта буд, аз серодамӣ ҷои сӯзан задан набуд. Қисме аз мар­дум ҳатто ба деворҳо такя карда, рост меистоданд, гурӯҳе аз пушти тирезаҳо тамошо доштанд. Ҳама бо кунҷковӣ ва умед ба сӯи минбар менигаристанд. Ҳар кас мехост бидонад, ки оянда чӣ меорад ва кадоме аз номзадҳо ме­тавонад садои онҳоро ба марказ бирасонад, мушкилоти солҳо ҷамъшударо ҳал намояд.

Аввалин шуда Абдухолиқ Холиқов – муаллими макта­би деҳа ва шахси боэътимоди Муродуллоҳ Шерализо­да ба минбар баромад, инсоне, ки дар миёни мардум обрӯву эътибор дошт. Холиқов суханашро чунин оғоз кард:

– Имрӯз назди шумо се номзад қарор доранд. Шумо бояд яке аз онҳоро вакили худ интихоб намоед, то садои шумо дар Шурои Олӣ шунида шавад. Албатта, ҳар кадо­ми шумо дар интихоб соҳибихтиёр ҳастед, вале ба хотир дошта бошед: мою шумо ҳақ надорем ба саҳлангорӣ роҳ диҳем. Имрӯз сухан танҳо дар бораи курсӣ ё вакил не, дар бораи сарнавишти ҷумҳурӣ меравад. Бояд пеши худ савол гузорем: оё шахсе, ки мо вакил интихоб мекунем, метавонад ҳавзаро дар ин рӯзҳои душвор ва пурошӯб намояндагӣ кунад? Оё ӯ таҷрибаи зиндагӣ, дониши сиёсӣ ва ҳунари роҳнамоӣ дорад?

Он шахс бояд арзанда, на танҳо суханвар, балки сиё­сатмадор, на танҳо рӯзноманигор, балки шахси амал, на танҳо фарзанди миллат, балки муҳофизи ояндаи он бо­шад.

Ман имрӯз мехоҳам номзади арзанда, фарзанди ху­датон Муродуллоҳ Шерализодаро ба шумо муаррифӣ намоям. Ӯ на танҳо инсони бофарҳангу соҳибмаърифат аст, балки шахсиятест, ки номи диёрамонро борҳо ба­ланд бардоштааст. Дар ёд доред, соли 1958, дар ҷашни 1100-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, вақте ки ӯ бо сухан ва қироати шеъри пурмазмун меҳмонони хориҷиро ба ҳайрат овард? Он рӯз номи диёрамонро ӯ то қуллаи кӯҳи Чимтарға баланд бардошт.

Имрӯз ҳамон мактабхони соҳибистеъдод ба марди ко­мил ва сиёсатмадор табдил ёфтааст. Ӯ метавонад садои шуморо ба марказ расонад, метавонад аз ҳаққи шумо дифоъ кунад, метавонад дар Шурои Олӣ намояндаи са­зовори ин мардум бошад. Аз ин рӯ, ман бо ифтихор Му­родуллоҳ Шерализодаро ба шумо ҳамчун номзади ар­занда муаррифӣ мекунам…

МУРОДУЛЛОҲ ШЕРАЛИЗОДА ДАР МИНБАР

Мавҷи кафкӯбӣ дар толор баланд шуд. Шерализода, ки табиатан нотиқ буд, бо оромӣ ба минбар баромад. Суханашро аз вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ оғоз кард, сипас ба масъалаҳои ҷаҳонӣ ишора намуд ва бо таҳлили мушкилоти ҳавзаи интихоботӣ суханро ҷамъ­баст намуд. Ӯ таъкид кард, ки мардуми ин сарзамини куҳанбунёд ҳамеша бо маърифат ва дарки баланди худ фарқ мекарданд. Ба ёд овард, ки аз ҳамин ҳавзаи Кулолӣ дар солҳои 30-40 академик Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун вакил ба парлумон интихоб карда будем, шахсияте, ки номи ӯ то имрӯз дар саҳифаҳои таърих боқӣ мондааст.

Мавқеи Шерализода зуд ошкор гардид: ҳангоми су­ханронӣ маълум мешуд, ки мардум ба ду номзади дигар таваҷҷуҳи камтар доранд. Ҳама саволҳо асосан ба Шера­лизода нигаронида мешуданд. Мардумро беш аз ҳама сарнавишти Иттиҳоди Шуравӣ ба ташвиш меовард. Са­волҳо пай дар пай садо медоданд:

– Рақобати Борис Елтсин бо Михаил Горбачёв бо чӣ меанҷомад?

– Оқибати кашмакашҳои ҳизбу ҷунбишҳои мухталиф дар ҷумҳурӣ чӣ хоҳад шуд?

– Агар шумо вакил интихоб шавед, нахустин коре, ки барои мардуми деҳа мекунед, кадом аст?

Шерализода ба ҳар савол бо мулоҳиза ва таҳлилҳои амиқ посух медод. Вай на танҳо ояндаи сиёсии Иттиҳодро таҳлил мекард, балки аз мушкилоти рӯзмарраи мардум – роҳ, мактаб, беморхона ва замин низ сухан мегуфт. Ҳар ҷавобаш бо далел, бо оромӣ ва бо эътимод садо медод.

Саволу ҷавобҳо то дер идома ёфтанд. Мардум бо шавқу ҳаяҷон баҳс мекарданд, гоҳ бо ҳам мунозира менамуданд, вале аз чеҳраҳояшон дида мешуд, ки ба Шерализода эътимод доранд. Ӯ бо сабр ҳар саволро мешунид, ҳатто ба саволҳои сахту моҷароангез, ки даст­нишондаҳои ҳарифонаш медоданд, бо нармӣ ва табас­сум ҷавоб медод.

Вақте маҷлис ба анҷом расид, мардум ӯро дар берун гирд гирифтанд. Боз саволҳо, боз умеду орзуҳо. Гӯё касе дар торикии замон чароғ афрӯхта бошад.

Он рӯз Шерализода барои мардум танҳо як номзад набуд. Ӯ ба чашми онҳо шахсе менамуд, ки метавонад садояшонро ба парлумон бирасонад. Ва дар ҳавои пур­шубҳаю ноумедии он солҳо муҳимтар аз ҳама эътимод буд.

АРТУЧ, ШАБИ ПЕШ АЗ МУЛОҚОТ

Рӯзи дигар, 12-уми феврал дар деҳаи Артуч, яке аз ка­лонтарин деҳоти ҷамоати Рӯдакӣ бояд мулоқоти Муро­дуллоҳ Шерализода бо сокинони Артуч, Яккахона ва Ма­довра барпо мешуд. Мо бегоҳӣ дер ба Мадовра, ба хонаи бобои Ашӯр расидем. Роҳ мисли нақби сафед, аз ду тараф барф кӯрпа зада буд. Ҳавои тира, барфи лаклакӣ меборид.

Бобои Ашӯр, ки ҳамсинф ва дӯсти наздики Муродул­лоҳ буд, моро бо оғӯши боз пешвоз гирифт. Аз дур, дар зери пардаи барф овози пирамарде ба гӯш мерасид:

– Ҳа, дардат занад, бачаи Шералӣ, биё!

Мӯйсафед ба ман нигарист:

– Бачаи Ҳамдами ҷӯраи ман ҳам омад. Мо бо падарат зери як кӯрпа калон шудагӣ…

Ин овози амаки Амонбой буд. Суханонашон чун бӯи нони нав аз танӯр канда, ки аз дари хона берун мезад, гарму ҳаловатбахш буд.

Дар меҳмонхона аллакай дастархон густурда буданд. Мо болопӯшро бадар кардем, чорзону зада, рӯи кӯрпача нишастем. Печкаи оҳанин аз алоби зиёд сурх шуда буд.

– Зер кун ҳезума, бачаҳо хунук хӯрданд, – амр доданд амаки Амонбой ба алобмон.

Суҳбат ҳам оҳиста-оҳиста гарм шуд. Амаки Амонбой аз зиндагии худ қисса мекарданд, аз кӯдакӣ, бепадарӣ, сахтии рӯзгор. Овозашон, даме ки механдиданд, ҷаран­гос мезад.

Дар гӯшаи хона радиои дастии VEF-и Муродуллоҳ Шерализода, ки ҳамсафари доимии ӯ буд, паст садо ме­дод. Хабар ҳамсафари ӯ буд. Ҳамин хислатро Отахон Ла­тифӣ ҳам дошт.

Аз гармӣ ҳавои хона танг шуда буд. Ба берун баро­мадам. Осмон ба гуфти мардуми ин деҳа ғип гирифтагӣ, барф қади одам хеста буд. Рӯи ҳавлӣ марде бо бели чӯ­бин ҷониби ташноб роҳ мекушод. Ба назар мерасид, ки зимистон тамоми сардии худро ба сари ин деҳа рехтааст. Ба соат нигаристам. Дуи шаб шуда буд. Боз ба хона даромадам. Радио баланд садо медод. Ҳама гӯшу ҳуш шуда буданд. Хабари ошӯб дар Душанбе пахш мешуд.

Ошуфтагӣ дар чеҳраи сурхгаштаи Муродуллоҳ аз гар­мии хона буд ё аз хабари ногаҳонӣ, ки бараъло ба назар мерасид.

– Дар чунин лаҳзаҳо дар пойтахт набудан аз рӯйи ин­соф нест, ман бояд равам, – гуфт Муродуллоҳ.

– Мулоқот бо интихобкунандагон чӣ мешавад? – пур­сидам ман.

– Шумоён гузаронед, ман меравам. Аз ин хабар бӯйи ҷанг меояд.

Суханаш мисли шамшер дар фазо барқ зад. Ҳеҷ кас дигар чизе нагуфт. Ҳама берун баромадем.

Барф то зону мезад, ҳама ҷоро тахту ҳамвор карда буд. Роҳро аз бероҳа фарқ кардан имкон надошт.

Бобои Ашӯр аз куҷое мӯзаи резинии куҳна пайдо кар­да, ба Муродуллоҳ пӯшонд. Амаки Амонбой даст ба фо­тиҳа боло карданд. Муродуллоҳ бо ду ҳамдеҳааш ба роҳ баромад. Соати сеи шаб шуда буд. То деҳаи Кулолӣ ҳафт километр роҳи барфпӯш дар пеш буд. Дар зери осмони қирпӯш танҳо садои ғарч-ғарчи қадаммонии се мард ба гӯш мерасид. Гоҳе ҳам аз дур овози аккоси сагон шунида мешуд.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *