Сафари индафъаинаи Бухоро бо ташаббуси мизбону роҳбалад ва ҳамкасбамон профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, ки баҳорон ҳангоми дидор дар Душанбе, тобистон ба тамошои Бухоро бурдани моро ваъда карда буд ва телефонӣ батакрор исрор медошт: – «Ана, моҳи август аз нимаш гузашт, таътил тамом нашуда биёед, шасти гармои Бухоро ҳам паст шудааст…», сурат гирифт.
«Ҷони ман азми Бухоро мекунад»…
Инак, субҳи солеҳи як рӯзи даҳаи севуми август, бо нияти зиёрату тамошои Бухорои Шариф, бо хатсайри Душанбе – Панҷакат, 6 нафар дар як мошин, то марзи Ӯзбекистони ҳамсоя ҳамсафар буданро фоли нек ҳисобида, ба роҳ баромадем. Воқеан, дар гузаргоҳи марзии Ҷартеппа низ, бо вуҷуди серодам будан, бинобар муомилаву муносибати гарму нарми кормандони сарҳадот ва гумруки кишвари ҳамсоя вақти зиёд сарф нашуд. Дар он сӯйи марз аз кор мондани симкорти телефонҳо ва рақамҳои мошинҳоро истисно намоем, эҳсоси бегонагӣ надоштем. Мусофирҷалбкунӣ ё ба истилоҳи таксистҳои душанбегӣ “клиентшикор” низ ҷолибу навозишкорона ба гӯш мерасид: “Меҳмонҳо, то куҷо барам?”, “Рафтем, мошини ман мулоиму салқинак”, “Арзонакак то ҷойи даркоретон бурда мемонам”, “Мошини мана як савор шуда бинед”… Вале аз таксистҳои корчаллону “чаққон” низ ёдовар нашавем, аз рӯйи инсоф намебуд. Ҷавонтаксисте олуфтанамо хушсуханӣ карда, мо, 3 тан мусофирро то Регистони Самарқанд ба 150 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (муодили тахминан 140 сомонии мо) бурданӣ шуда, сумкаҳои сафариамон (рюкзак)-ро бардошта сӯйи мошинаш мекашид. Мо дар марз аз огоҳон маълумоти дақиқ гирифта будем, ки масофаи аз марз то даромадгоҳи Самарқанд ҳамагӣ 40 километр асту таксистҳо аз сари кас 20 ҳазор сӯмӣ мегиранд ва агар то маркази шаҳр рафтанӣ бошед, 25 ҳазор сӯмӣ мепурсанд. Бинобар ин, онсӯтар, ба нуқтае, ки таксиҳои аз Самарқанд мусофироварда таваққуф доштанд, рафтем ва таксисти миёнасоле розӣ шуд мо се нафарро ба 90 ҳазор сӯм то Регистон мерасонад.
Пас аз ним соат мо аллакай ба ҷойи ваъдагӣ, назди қаҳвахонаи “Лаби ғор” расидем, ки устодон Ҷумъа Ҳамроҳ, Адаш Истад ва ронанда Шоҳимардон мунтазирамон буданд. Акои “Ҷумъабойи беқарор” (ибораи устод Адаш Истад) ҷавобан ба даъвати шарикдарсашон “ҳу ана, хонаи мо, дур нест, аз ҳамин ҷо панҷоҳ қадам, як пиёла чой гирифта мераветон”, “чойро насиб бошад, дар Кармина мехурем, ҳоло, ки дами ҳаво сахт гарм нест, раҳакӣ шавем, беҳтар”, – гуфта, дарҳои мошинро кушод.
Дар Кармина чӣ дидем?
Шоҳроҳи Самарқанд – Бухоро бо тӯли 274 километр, бо вуҷуди аз дашти гӯё беохири дилбазан гузаштан, чун дигар роҳҳои байнишаҳрии кишвари ҳамсоя мумфаршу ҳамвор, бо чароғакҳои роҳнамову дастгоҳҳои суръатсанҷ муҷаҳҳаз, ҳарҷо-ҳарҷо бо нуқтаҳои сӯзишворифурӯшӣ, чойхонаву қаҳвахонаҳои хурду калони канори роҳ, хастагии роҳи даштиро ҷуброн мекунад. Бо назардошти аз ду шаҳри калони ободу зебо – Каттақӯрғон (тибқи маълумоти муаррихи сайёҳи асри 12 муаллифи китоби «Китоб ал-ансоб»-и Абдулкарими Самъонӣ пештар Кушония ном дошта, аз ноҳияи Самарқанд дувоздаҳ фарсах дуртар мавқеъ доштааст) ва Навоӣ (шаҳраки Карминаи қадима), дар фосилаи 140 километр аз Самарқанд, минтақаҳои дорои ёдгориҳои қадима убур кардани шоҳроҳ, дар фосилае роҳ кас беихтиёр аз мошин пиёда шудан мехоҳад.
Кармина шаҳраки дар қисмати шимолии шаҳри Навойии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақрибан дар 140 километрии Самарқанд, 100 километрии Бухоро, ҷойгир аст. Ин шаҳраки қадима бо силсилаи ёдгориҳои таърихӣ, ба хусус Оромгоҳи амирони манғитии Бухоро таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад. Шаҳри Навоӣ маркази вилояти ҳамном, бо корхонаҳои иқтидорманди коркарди тило ва фулузоти дигар, корхонаҳои сементбарорӣ, металлҳои кӯҳӣ, мошинсозӣ, пахтатозакунӣ, аз шаҳрҳои саноатии зудрушдкунандаи минтақа ба ҳисоб меравад. Ҷолиб аст, ки тамоми ин корхонаҳои бузурги саноатӣ дар қисмати ғарбии шаҳр, ду километр дуртар аз маҳаллаҳои аҳолинишин, сохта шудаанд. Гуфтанист, ки шаҳри Навоӣ соли 1958 дар ҳайати вилояти Бухоро ба сифати маркази саноатии ҷустуҷӯву коркарди металлҳои қиматбаҳои кӯҳӣ ва уран бунёд ёфтааст.
Маҷмааи Оромгоҳи амирони манғитии Бухоро ёдгории таърихии нисбатан нав буда, солҳои … бунёд гардидааст, вале дар замони истиқлол бо ташаббус ва маблағгузории ҳукумати ҷумҳурӣ тармиму навсозӣ шудааст. Корҳои тармиму таҷдид дар он идома дорад.
Дар Оромгоҳ қабри Сайид Абдулаҳадхон – амири ҳаштум аз сулолаи манғитияи Аморати Бухоро, солҳои ҳукмрониаш 1885-1910, барҷастатар аст. Ӯ 16 марти соли 1859 дар Кармина ба дунё омада, 6 январи соли 1911 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Вориси Сайид Абдулаҳадхон, писараш, амири охирини Бухоро Муҳаммад Олимхон 11 январи соли 1911 ба тахти салтанат нишаста, тибқи васияташ ӯро дар ҳамин ҷо дафн кардааст.
Абдулаҳадхон соли 1873 дар синни 14-солагӣ беки Кармина таъйин гардид. 15 майи (27 май) соли 1883 дар маросими тоҷгузории подшоҳи рус – Александри III иштирок намуд ва подшоҳи Русия ӯро валиаҳди тахти салтанати Бухоро эълом кард. Абдулаҳадхон соҳибмаърифат буда, забони форсӣ-тоҷикиро хуб медонист; ба забонҳои арабӣ ва русӣ низ такаллум мекард. Абдулаҳадхон ба адабиёту мусиқӣ низ рағбат дошта, бо тахаллусҳои «Масъуд» ва «Оҷиз» шеър менавишт; ба мусиқии урфии касбии тоҷикии «Шашмақом» таваҷҷуҳи хос дошта, сози мусиқии танбӯрро хуб менавохт. Намунаи ашъори Абдулаҳадхон дар баъзе баёзҳо гирдоварӣ шуда, дар Ганҷинаи дастхатҳо ва мероси хаттии АМИ ҶТ маҳфуз мебошанд.
Ҳолномаи лавҳи ёдгорӣ ҳамчунин меафзояд, ки 17 ноябри 1885 дар Арки Бухоро ба тахти аморат нишастани Абдулаҳадхон баргузор гардидааст. Солҳои аввали ҳукмрониаш амир Абдулаҳадхон дар Бухоро мезистааст; нисфи сол дар шаҳр монда, фасли зимистон чанд моҳ ба Шаҳрисабзу Қаршӣ мерафтааст, вале тобистонҳоро дар Кармина мегузаронидааст. Абдулаҳадхон марди таҳсилкардаву ҷаҳондида буд ва дар аморати Бухоро нияти ислоҳотро доштааст, вале ба муқобилияти шадиди руҳониёни дарбору атроф дучор шуда, оқибат соли 1897 аз Бухоро ба Кармина рафта, то охири умр ҳамон ҷо мондааст.
Дар девори қабри амир Абдулаҳадхон марсияи пурсӯзи амири ҷавон Олимхон бо забони форсии тоҷикӣ, хати настаълиқ (15 байт) ҳаккокӣ гардидааст, ки чунин аст:
Эй дил чу нест дори ҷаҳон ҷойи итминон,
Ҳаргиз мабанд дил ба таманнои ин ҷаҳон.
Бингар чи гуна рафт сӯи равзаи наим,
Саййид Амир Абдулаҳад шоҳи он замон.
Пажмурда гашт рӯи гулаш, вой сад дареғ,
……………………………………………………………
Рӯйи фалак ба дуди надомат сиёҳ шуд,
Рӯзе, ки рафт, он шаҳи барно аз ин миён
Барги дарахти умр фурӯ рехт дар хазон.
Сад ҷӯйи хун равон шавад аз рӯди чашмҳо,
Ҳар ҷо касе, ки шарҳи вафоташ кунад баён.
Дурдонае ба баҳри карам ҳамчу ӯ набуд,
Дар хоки тира ҳайф бувад гавҳаре чунон.
Дар гулситони фазлу сухан буд андалеб,
Воҳасрато, ки рафт аз ин боғу бӯстон!
Хонад ҳадиси “мота ғарибан” ба сӯзи дил,
Ҳар кас, ки турбаташ ба зиёрат кунад нишон.
Кард аз ғами мусибати ӯ ҷайби фоқа чок,
Фарзанди арҷманд, вале аҳди навҷавон.
Фармуд то ба соли вафоташ рақам кунад,
Муншиъ ба оҳу нолаву бо ҳасрату фиғон.
Аз рӯи қурб шуд рақами фавти ӯ чунин:
“Бошад мақоми он шаҳи маъсум дилу ҷон!”
Тағйирро ба олами тақдир роҳ нест,
Тадбир чист? Ҳар чӣ Худо хост шуд ҳамон.
Касро ба рӯзгор умеди ҳаёт нест,
Хок аст ҷисми мову бувад оқибат аз он.
Омӯрзишаш зи холиқи омурзгор бод,
Бо ҳур дар биҳишти баринаш бувад макон.
Рӯён зи хоки марқади ӯ ғунчаи қабул,
Ё Раб, чу баҳри раҳмати ту ҳаст бекарон!
Тамошову зиёрати ёдгориҳои таърихии Кармина бо вохӯрии хушоянду масарратангез ва суҳбати сари як пиёла чой бо ҳамкасб, шиноси деринамон, собиқ профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро, собиқ вакили палатаи қонунбарори Парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳоло проректори Донишгоҳи давлатии Навоӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Таваккал Чориев поён ёфт, ки хушхабари эшон – ба гурӯҳи тоҷикии навтаъсис дар Донишгоҳи давлатии Навоӣ, пазируфта шудани 16 тан аз довталабон, ба мо руҳу тавони тоза бахшид.
Бо идома додани сафар роҳбаладамон шӯхиомез мегӯяд, ки: акнун зуд-зуд аз мошин мефуроем, то дар ин гармӣ хоб набарад, ҳам пойҳо фаразанд ва ба Шоҳимардон ишора мекунад, то мошинро дар канори роҳ нигоҳ дорад.
Аз тарафи рости шоҳроҳ қалъаи сохти куҳна бо манораву тарҳи ҳуҷраҳои хурд-хурди тармимшуда панҷарабандӣ шудааст. Лавҳи навиштаҷоташ бо забонҳои ӯзбекиву русиву англисӣ ба ёдгории таърихии асрҳои XI-XII бо унвони “Корвонсаройи Работи Малик” будани он ишора дорад. Аз навиштаҷот бармеояд, ки корвонсаройи пурвусъату боҳашамат, ки манорадарвоза ва ҳуҷраҳои бешумораш воқеан аз хишти пухта бо нақшу нигор сохта шудааст, барои хидматрасонӣ ба корвони туҷҷорону шабгузаронии сайёҳон бунёд ёфтааст. Ёдгории таърихии мазкур бори дигар аз ин манотиқ гузаштани шоҳроҳҳои тиҷорату сайёҳии кишварҳои Шарқӣ дар асрҳои қадиму миёнаро далолат медиҳад.
Каме поёнтар аз ин корвонсарой, аз тарафи чапи роҳи мошингард ёдгории дигар бо навиштаҷоти «Ёдгории асрҳои XI-XII «Сардоба» ба чашм мерасад. Аз лавҳи муаррифии он бармеояд, ки ҳавзи калони болопӯшидаи дар тақрибан 20 метр чуқурӣ ҷойгирифта, аз ҳисоби барфу боронҳо оби нӯшокӣ нигоҳдорӣ мешудааст. Ҳамроҳон назди лавҳи навиштаҷот аз муъҷизаи ҳазорсола мегуфтанд ва ба ақлу заковати ниёгон аҳсант мехонданд, банда бо пайравӣ аз “бо чашми худ дидан аз шунидан афзал аст”, бо зинапояҳо ба лаби ҳавзи «Сардоба» (албатта, ҳоло беоб) фуромада, чанд лаҳза аз гармои берун ором гирифтам ва ҳикмати дар чуқурӣ бо деворҳои хишти пухта сохтани “яхдони табиӣ”-ро ба истилоҳ “дар тани худ санҷидам”. Дарвоқеъ, вожаи “сардоб” //“сардоба” дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар баробари “таҳхона” ба маънои “обанбори зеризаминӣ” низ тафсир шуда, аз Носири Хисрав мисоле омадааст: “Дар ҳамон ҷо – дар зерзаминҳо ва сардобҳо об мегузарад ва тобистон мардуми шаҳр … дар зерзаминҳо осоиш кунанд”.
Агар имрӯзҳо ҳам дар манотиқи гуногуни кишварҳои Осиёи Миёна номвожаи “Сардоба” вохӯрад, он маҳал бегумон, дар дашти беоб ҷойгир буда, гузаштаҳои донову тавонои мо ҳам дар фикри бо оби нӯшокии сард таъмин намудани сокинони маҳал ва ҳам дар ғами сайёҳону тоҷирони раҳгузар будаанд. Таъбири халқии “Ташнаро об додан савоб аст” шояд дар пайи бунёд гардидани сардобаҳо дар манотиқи беоб пайдо шуда…
Дар зодгоҳи устод Айнӣ
Роҳамон ба Бухоро аз Ғиждувон мегузашт, бинобар ин, боздид аз рустои Соктаре, зиёрати Хона-музейи (осорхонаи) устод Айнӣ бароямон амри воҷиб буд. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и безаволаш зодгоҳашро батафсил тасвир карда, мавқеи ҷойгиршавии онро дақиқ нигоштааст: «Деҳаи Соктаре. Ин деҳа аз тобеоти райони Ғиждувон буда, як фарсах – 8 километр дуртар аз маркази район ва дар тарафи шарқии он, дар канори дарёи Зарафшон воқеъ аст. …Таваллуди ман дар деҳаи Соктареи райони Ғиждувон воқеъ шуда, айёми бачагии томактабиам тобистон дар Соктаре ва зимистон дар Маҳаллаи Боло гузаштааст». (Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. – 680 саҳ. – С.5–9).
Ҳарчанд имрӯз дарёи Зарафшон то Ғиждувону Бухоро намерасад, аз ишоралавҳҳои канори роҳ ёфтани Соктаре мушкил надорад, вале деҳа тули даҳсолаҳои охир доман паҳн карда, бо афзудани аҳолӣ ба шаҳраки бисёрмаҳалла табдил ёфтааст. Медонистем, ки Осорхонаи устод Айнӣ дуртар аз роҳи калон, дар маҳаллаи Сайидкенти дарунтари шаҳрак, бо суроғаи кӯчаи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст, аз ин ҷо, ду-се кӯчаро давр зада, ба манзил расидем. Баъди бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 5-уми декабри соли 2024 ба феҳристи маконҳои сайёҳии шаҳри Бухоро ворид шудани Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар зодгоҳи ӯ – Соктареи ноҳияи Ғиждувон, дар даромадгоҳи Соктаре бо забонҳои ӯзбекиву тоҷикиву англисӣ ишоранавиштае ба маънои «Ёдгории таърихӣ – Осорхонаи Садриддин Айнӣ» навиштаву овехтан кори савобе мебуд.
Рӯ ба рӯйи масҷиди деҳа, ки дар шакли қадима пойбарҷост, дарвозаи ҳавлӣ – Осорхонаи устод Айнӣ ба рӯямон боз буд. Дар ин ҳолат ҳам ба дил гуфтем, ки корамон омад кард, чун ҳангоми сафари се сол пеш, бинобар пайдо накардани шахси мутасаддии Хона-музейи қулфзада, бо тамошои масҷид ва саҳни ҳавлии он қаноат карда, аз Соктаре бо таассуф баргашта будем.
Моро мутасаддии Хона-музейи устод Айнӣ, бонуи хушзабон Робия Сайфуллоева бо чеҳраи кушод истиқбол намуда, ба дохили хона роҳбаладӣ кард. Чизу чора, ҷиҳози хона, гӯшаҳои даврабандишудаи рӯзгору осори устод Айниро ба шарҳу эзоҳи Робия-ойтӣ тамошокунон, аз аксҳои нодири айёми бачагиву наврасии Садриддинхоҷаи қариб якуним аср пешина нигоштаҳои шарҳиҳолии устод Айниро тасаввур карданӣ мешудем.
Аз нақли Робия-ойтӣ, бунёди Осорхона бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгору осор, нигоҳ доштани мероси устод Айнӣ, бо ташаббуси хешу таборон аз соли 1958 оғоз ёфта, соли 1962 расман ифтитоҳ гардидааст. Чизу чораҳои шахсӣ, дигар ашёҳои рӯзгор, дастхати асарҳо чун нигораҳои осорхона аз ҳаёти мушкили овони бачагӣ ва фаъолияти пурсамари овони баркамолии устод Айнӣ ҳикоят мекунанд.
Робия-ойтӣ бо эҳсоси қаноатмандӣ нақл мекунад, ки: солҳои охир таваҷҷуҳи ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам аҳли ҷомеа ба фаъолияти осорхона зиёд шудааст, теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ низ афзудан дорад.
– Ин китобҳои тозанашри чопи Душанберо порсол Сафири муҳтарами Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода оварда, туҳфа карданд, — ба Гӯшаи нави китобҳо ишоракунон гуфт Робия-ойтӣ, – Раҳмонзода барои мо одами худӣ шудаанд, як бори дигар ҳамроҳи оилаашон, бо туҳфаҳои зиёд ба тамошои Осорхона омада буданд.
Робия-ойтӣ чун хабари хуш аз тасмими ҳокимияти ноҳия ва вилоят дар бораи тармим намудани ёдгориҳои таърихии масҷиди деҳа ва Осорхонаи Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, амалӣ гардидани онро баҳри ободии деҳкада ва ҳам афзудани саёҳони хориҷиву дохилӣ, мустаҳкам гардидани риштаҳои дӯстии залқҳои тоҷику ӯзбек боз як қадами муассир арзёбӣ намуд.
Бо мақсади гармтар шудани гуфтугӯ, рафти суҳбатро ба хешу таборони дар деҳа будаи устод Айнӣ баргардонидем. Робия-ойтӣ ҳам гӯё ин суолро мунтазир буд, бо майли том ҷавоб дод:
– Дар Соктаре аз абераҳои Муҳиддинхоҷа – бародари устод Айнӣ, Нигина Муслиҳиддинхӯҷа, Муҳсин, Малоҳат бо фарзандонашон зиндагӣ доранд. Худам наберакелини Муҳиддинхоҷа мебошам.
Бо хоҳиши Робия-ойтӣ ба Дафтари қайдҳои Осорхона чанд сатре бо орзуи ба зиёрати Хона-музейи устод Айнӣ қадам ранҷа кардани тоҷикони Ӯзбекистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ навишта, аз чойники қирмизии хонаи устод бо дупиёлагӣ чойи кабуди ширгарм ташнагӣ шикаста, роҳи Ғиждувонро пеш гирифтем.
Зиёрати пирони ирфонӣ
Бо фурӯ рафтани Офтоб ва расидани шом ба шаҳри Ғиждувон расидем. Ғиждувон шаҳри обод. Диққати моро, пеш аз ҳама, Маҷмааи ёдгории меъмории Хоҷаи Ҷаҳон Абдухолиқи Ғиждувонӣ асрҳои XV–XXI ҷалб намуд. Маҷмаа ҳудуди васеъ дорад, ки аз оромгоҳ, масҷид, мадраса ва манора иборат аст. Майдони он ба таври замонавӣ обод гардида, на танҳо ҳамчун мавзеи зиёрати ҳазрати Абдухолиқ Ғиҷдувонӣ, балки ба сифати боғи истироҳативу фароғат ба мардум, хосса ҷавонон хидмат мекунад.
Аз тамошои мавзеъҳои Маҷмааи ёдгории меъмории Абдухолиқи Ғиждувонӣ ҳаловати маънавӣ бардошта, бо пиёлаи оби чашмаи зам-зами ба таври замонавӣ сохташуда, хумори ташнагиамонро шикаста, сафарамонро идома додем.
Дар масири роҳ номвожаҳои тоҷикии рустову деҳкадаҳо: Наврӯзобод, Гандумак, Сарой, Даштак, Муъминобод, Галаосиё, Вобкент то Бухоро моро истиқбол гирифтаву гусел менамуданд…
Субҳи дигар сафари мо бо зиёрати Маҷмааи ёдгории меъмории Баҳоуддини Нақшбанд асри XV оғоз ёфт. Маҷмаа дар канори самти шимоли шаҳри Бухоро воқеъ гардида, дар масофаи се гектар навсозӣ шудааст. Сохтори маҷмааро дарвоза (даромадгоҳ) бо номи «Боби салом», оромгоҳи модари Баҳоуддини Нақшбанд – Биби Орифа (асри XIV), масҷид, манора ва оромгоҳ ташкил медиҳад.
Дар тарафи рости дарвозаи «Боби салом» чиллахона воқеъ гардидааст, ки дар он ҷо сӯфиён аз рӯйи тариқати нақшбандӣ ба тоату ибодат ва тилловат машғул мешудаанд.
Баҳоуддини Нақшбанд аз рӯҳониёни машҳури ҷаҳони ислом, асосгузори равияи Нақшбандия буда, соли 1318 дар деҳаи Қасри Ҳиндувони ноҳияи Ҳуқанди вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Номи аслиаш Муҳаммад буда, бо номҳои Шайхи Нақшбанд, Хоҷаи Бузург, Баҳоуддин, Хоҷа Баҳоуддин, Баҳоуддини Балогардон, Балогардон машҳур гардидааст.
Мувофиқи гуфтаи шоҳидони ҳол, маҷмааи ёдгории меъморӣ дар замони Шӯравӣ як мавзеи хароб ва дур аз эътибор будааст. Дар замони истиқлол бо ташаббус ва дастгириҳои ҳукумати кишвар он аз нав тарҳрезӣ гардида, имрӯз ба як макони пуртаҷаллии эътиқоду эътимод ва муаррифгари гузаштаи пурғановати мардуми диёри Бухоро табдил ёфтааст. Воқеан, ин маҷмаа дар миёни дигар маҷмааҳои Бухоро мавқеи хосса дошта, бо ҳашамат, шукӯҳ ва ҷазобияти худ, диққати аҳли назар, эътиқодмандону дармонхоҳон ва болотар аз ин сайёҳонро ба худ ҷалб карда метавонад.
Ҳашамати ин маҷмааи ёдгории меъмориро на танҳо дар намуди зоҳирии он, балки дар моҳият ва ҳикмати шахсияти соҳибияти он метавон арзёбӣ намуд. Баҳоуддини Нақшбанд аз ҷумлаи орифоне буда, ки манша ва маънии зиндагиро на танҳо дар тоату ибодат, балки дар кору амал медонист. Ӯ таълимоти худро дар асоси назарияи муршидони руҳонии худ Юсуфи Ҳамадонӣ ва Абдухолиқи Ғиждувонӣ такмил бахшида, шиори «Дил ба Ёру даст ба кор»-ро маслаки асосии кори худ қарор дод ва дигаронро ба ин амал ташвиқ мекард. Ин усули ратсионалӣ ва воқеъбинона аст, ки имрӯз ва фардо низ аҳаммият ва таъсири худро гум нахоҳад кард, зеро дар ин усул ҳам эътиқоду имон ба Парвардигор талқин мешаваду ҳам бовариву эътимод ба неруву тавони фардии инсоҳо.
Ҷӯйи Мӯлиён дар куҷо буд?…
Аз самти Ғиждувон деҳу деҳкадаҳои сабзу хуррамро убуркунон ба манораҳои қоматафрохта чашм меафтад ва бо вуҷуди борҳо саёҳату зиёрат кардани ин модаршаҳри Шарқ, дил ба таври дигар тапида, мужда медиҳад:
– Бухоро аст ин ҷо! Кас аз кӯчаҳои канорӣ ба маркази шаҳр наздикшуда, аз паҳлуи манораҳои бовиқори пурҷило гузашта, ба таъбири таърихан аз ҷумлаи ҳашт шаҳри ободи Шарқ – Мадинаи Мунаввара, Бағдод, Исфаҳон, Нишопур, Қалъаи дохилии Марв, Самарқанд, Насаф ба Бухоро низ нисбат додани “мадина”, яъне шаҳр итминон ҳосил мекунад ва беихтиёр мисраъҳои машҳури Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ёд мерасад:
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ онҷост.
Аз рӯйи таомул мақбараи Шоҳ Исмоили Сомониро зиёрат кардаву чанде дар Боғи ноободи атрофи он қадамзанон, тарҳи пешакии ҷустуҷӯйи Ҷӯйи Мӯлиёнро кашидем. Аслан, нақлу қиссаҳои шавқангези ҳамкасбамон профессор Ҷумъа Ҳамроҳ дар бораи аз куҷо то Бухоро ҷорӣ шудани ин ҷӯйи сеҳрангез, ки Рӯдакии бузургвор бо тавсифи он:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Амири Бухоро Наср ибни Аҳмади Сомониро ба бозгашт ба ватан водор кардааст, моро ҳам ба ҷустуҷӯйи ин минтақаи таърихӣ моил сохта буд ва бо майли тамом ба «амалиёти ҷустуҷӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ҳамроҳ шудем.
Албатта, нақлу қиссаҳои профессор Ҷумъа Ҳамроҳ дар мавриди қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ба маъхазҳои илмиву пажӯҳиши олимони адабшинос такя мекард, ба мисли навиштаи Расул Ҳодизода «…дар миёни осори бозмондаи Рӯдакӣ гуфтан метавон қасидаи шоир бо матлаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме» шӯҳрату маъруфияти хоссае дорад. Қариб дар ҳамаи маохизи адабию таърихӣ муаллифон аз ин қасидаю сабаби иншои он нақлу ривоятҳои мухталиф овардаанд. Имрӯз ҳам дар ватани шоир – дар Тоҷикистон ин қасида аз маъруфтарин ва маҳбубтарин шеърҳост, ки онро хурду калон мехонанд, дар пардаҳои рангоранги мусиқӣ месароянд ва гуфтан мумкин аст, ин шеър дар диёри тоҷикон шиносномаи шоир аст”, ё Алии Муҳаммадии Хуросонӣ: «…қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» баробари эҷод шудан дар байни ҷомеъа маҳбубият пайдо кард ва минбаъд мувофиқи завқи ниёзмандон аз китобе ба китобе нақл гардида, то замони мо ҳафт байти он тавассути маъхазҳои гуногуни қаламӣ омада расидааст, ки шумораи дастраси мо ба бисту ҳашт маъхаз мерасад» ва ё хулосаи Абдунабӣ Сатторзода: «танҳо ба ин шеъри машҳури устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» қариб сад шоир тазмину ҷавоб гуфтаанд»,вале роҳбалади моро суоли “Ҷӯйи Мӯлиёни тасвиркардаи устод Рӯдакӣ ҳоло дар куҷо бошад?!…” андармон сохта буд.
Мо медонистем, ки солҳои охир профессор Ҷумъа Ҳамроҳ баҳри ёфтани ҷавоби ин суол борҳо ба Бухоро сафар карда, аз мӯйсафедони огоҳ замонҳои пеш тахминан дар атрофи Кохи Ситораи Моҳи Хоса вуҷуд доштани Ҷӯйи Мӯлиёнро шунида будааст, вале азбаски ҳоло аз он ҷӯйбор нишоне намонда, мушаххас намудани макони он кори осон нест.
– Дараки ду тан аз «донандагони асрори Бухоро»-ро пайдо кардаам, ба зангамон ҷавоб диҳанд, сари пиёлаи чой суҳбат мекунем, – гуфт роҳбаладамон телефонро рӯшанкунон ва Шоҳимардонро хоҳиш намуд мошинро сӯйи Лаби ҳавз гардонад.
То дар гирди мизи зери сояи дарахти сада ҷойгир шудаву як пиёлаӣ чой нӯшидан, ду шиноси бухороии устод Ҷумъа Ҳамроҳ паси ҳам расида омаданд. Яке Илҳом Раҳмонов, марди гандумгуни тахминан 60 – 65 сола, кишваршинос, роҳбалади ширкати сайёҳӣ, аз мақсади мо огоҳ шуда, ба нақл шуруъ кард ва зимнан гуфт:
– Аз мӯйсафедони шаҳр шунида будам, ки аз миёни боғи паси Кохи Ситораи Моҳи Хоса ҷӯйи пуробе мегузаштааст, вале мутаассифона, ҳоло осораш боқӣ намондааст. Дар ҳамон минтақа солҳои пеш тарабхонаи “Ҷӯйи Зар” фаъол буд, ки он ҳам аз байн рафтааст.
Ҳамсуҳбати дигарамон Саъдулло Хоҷаев, меъмор, мутахассиси тармиму азнавсозии ёдгориҳои таърихӣ, марди тануманди хушандоме бо мӯйҳои мошубиринҷи ба қафо шоназада, дар як дидор бо суханронии пурмағзу бамаъниаш, аз донишу ҷаҳонбинии фарохаш дарак медод, моро ба мошинаш шинонда, сӯйи Ситораи Моҳи Хоса роҳ гирифт. Аз дарвозаи Кох воридшавон, ба нақлаш идома дод:
-Аз рӯйи шунидам ва хулосаи мантиқӣ, Ҷӯйи Мӯлиён дар самти шимолу шарқии Кохи Ситораи Моҳи Хоса равон буда, ба ду шохоб ҷудо шуда, яке сӯйи ҷануб, ба Бухоро, дигаре ба самти ғарб, сӯйи Рометан ҷорӣ мешудааст. Ҳоло на аз ҷӯйи асосӣ ва на аз шохобҳои он нишоне боқӣ намонда, вале болотар аз ин маҳал наҳраки пуроби Ҷӯйи Зар ҷорист, ки оби он барои шодоб кардани заминҳои зироаткориву боғоти атроф истифода мешавад.
Аз нуқтаи назари меъморӣ нигарем, аслан, фикри дар ин маҳал бино намудани Кохи Ситораи Моҳи Хоса ба сифати қароргоҳи беруназшаҳрии амири Бухоро, ҳанӯз охирҳои асри 19 бо фармони амир Абдулаҳадхон дар шароити гармои тафсони Бухоро ба ду омил – обу ҳавои нарм ва серобӣ такя мекунад.
Дарвоқеъ, тавре дар адабиёти вобаста ба таърихи сохтумон ва вижагиҳои меъмории Кохи Ситораи Моҳи Хоса зикр гардидааст, обу ҳавои ҳудуди он аз шаҳри Бухоро, ки ҳамагӣ 4 километр дуртар аст, ба таври қобили мулоҳиза фарқ мекунад, яъне рӯзҳои тафсони шаҳр ҳам, ҳавои ин ҷо салқинтар аст. Дар интихоби мавзеи қароргоҳи беруназшаҳрии амири Бухоро чун дигар иншооти муҳим, ба ҳикмати халқӣ такя намудаанд: ба маҳали сохтмони оянда гӯшти пора кардашудаи гӯспандҳоро ба муддати якчанд рӯз гузоштаанд ва ҳамон ҷоеро, ки гӯшт ба муддати бештар вайрон нашуд, барои сохтмони иншоот баргузидаанд.
Чунин тарзи интихоби мавзеи иншооти муҳим омили дигари таъсиргузор – мавҷуд будани оби равонро, ки аз назди он ҷорӣ бошад, низ тақозо дорад. Замоне аз мавзеи Кохи Ситораи Моҳи Хоса сӯйи Бухоро ҷорӣ будани наҳраке бо номи Ҷӯйи Мӯлиён, ба гумони ғолиб, имконпазир аст.
Имрӯз чанде дуртар аз Ситораи Моҳи Хоса равон будани Ҷӯйи Зар (дар акс), воқеъ будани маҳаллаи ҳамшафати Галаосиё андешаи гумонолуд ва ё гумони ба воқеият наздики роҳбалади мо профессор Ҷумъа Ҳамроҳро тақвият мебахшад.
Бо умеди пайдо шудани далелу андешаҳои минбаъдаи мушаххас гардидани мавзеи Ҷӯйи Мӯлиёни васфкардаи устод Рӯдакӣ, бо Бухорои Шариф хайрухуш намудем.
Мурод Муродӣ,
Қироншоҳ Шарифзода,
Душанбе – Самарқанд – Бухоро – Душанбе.
(20.10.2025)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube