Рубрики Pressa

Боздошти як мард бо гумони дуздӣ дар Душанбе


Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 35-сола бо гумони дуздии телефонҳои сокинон хабар дод. Ба иттилои мақомот, шахси боздоштшуда Лоиқ Шералӣ ном дошта, гумон меравад, ки бо воридшавии пинҳонӣ ба манзилҳои шаҳрвандон даст ба дуздии телефонҳои мобилӣ задааст.

Тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ, то кунун чор ҳолати дуздӣ аз ҷониби гумонбар ошкор шудааст.

Нисбати Лоиқ Шералӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ) оғоз гардидааст. Ин модда вобаста ба дараҷаи ҷиноят аз ҷарима то ду соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Мақомот таъкид намуданд, ки тафтиш идома дорад ва гунаҳкорӣ ё бегуноҳии шахси боздоштшуда бояд аз ҷониби додгоҳ муайян гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *