Ширкати барқи “Брешно” эълон кард, ки дар натиҷаи заминларзаи шаби гузашта хатҳои барқи воридотӣ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон осеб дида, интиқоли барқ ба чанд вилоят қатъ шудааст.
Ба иттилои “Брешно”, заминларзаи бо шиддати 6,3 дараҷа бо вақти маҳаллӣ соати 1:00-и шаб рух дода, хатҳои барқи воридотӣ дар масирҳои Ноибобод, Самангон ва Пулихумри (аз самти Ӯзбекистон) ва ҳамчунин хати Тоҷикистон ба самти Қундуз дучори садама шудаанд.
Дар натиҷа, вилоятҳои Кобул, Бағалон, Парвон, Панҷшер, Кописо, Лугар, Пактиё, Ғазнӣ ва Майдон Вардак аз барқи воридотӣ маҳрум гардидаанд.
Ширкати “Брешно” таъкид кардааст, ки гурӯҳҳои фаннӣ дар ҷараёни таъмиру васли дубораи шабака қарор доранд ва аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки масрафи барқро сарфа намоянд, то фишор ба шабакаи дохилии кишвар коҳиш ёбад.
Маркази зилзила дар минтақаи Хулам дар вилояти Балх, наздики шаҳри Мазори Шариф ҷойгир буда, дар асоси маълумоти ахир, то кунун 20 нафар ҷон бохта, беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ларзишҳои шадид дар шаҳрҳои Айбак, Мазори Шариф ва Маймана эҳсос шуда, замин ба таври заифтар дар Кобул ва ҳатто дар кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон низ эҳсос шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube