Рубрики Pressa

Интернети хонагӣ: тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!


Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз роҳандозии силсилаи нави тарофаҳои солонаи интернети собит барои манзили истиқоматӣ – “Хонагӣ #365” хабар медиҳад. Акнун муштариён бо ба даст овардани интернети бемаҳдуд барои 12 моҳ бо нархи 10 моҳа метавонанд пардохтҳои ҳармоҳаро фаромӯш созанд. Ин имкон медиҳад, ки дар як сол то 560 сомонӣ маблағ сарфа намоянд.

Тарофаҳои нави “Хонагӣ #365” барои таъмини истифодаи устувору бароҳати интернети хонагӣ барои тамоми оила таҳия шудаанд. Онҳо трафики бемаҳдудро бидуни ягон маҳдудият аз рӯи ҳаҷм пешниҳод намуда, суръати баланд ва пайвасткунии боэътимодро кафолат медиҳанд.

Силсила чор тарофаро дарбар мегирад, ки аз ҳамдигар аз рӯи суръати дастрасӣ фарқ мекунанд, то ки ҳар як муштарӣ тавонад имконияти муносибро барои эҳтиёҷоти худ интихоб намояд:

 “Старт 365” – 1500 сомонӣ дар як сол. Суръат то 15 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 30 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Барои веб-серфинг, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ комилан мувофиқ аст.

 “Онлайн 365” – 1800 сомонӣ дар як сол. Суръат то 20 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 50 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Интихоби беҳтарин барои омӯзиши онлайн, зангҳои видеоӣ ва тамошои контенти стримингӣ ба ҳисоб меравад.

 “Комфорт 365” – 2300 сомонӣ дар як сол. Суръат то 25 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 100 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Баҳри истифодаи фаъолонаи оилавӣ ва дастгоҳҳои сершумори пайвастгардида тавсия дода шудааст.

 “Премиум 365” – 2800 сомонӣ дар як сол. Суръат то 30 Мбит/с барои манбаъҳои берунӣ ва то 100 Мбит/с барои манбаъҳои дохилӣ. Роҳати мукаммалро барои онлайн-бозиҳо, стриминг бо сифати баланд ва кори яквақтаи ҳамаи гаджетҳо таъмин менамояд.

Ҳамаи тарофаҳо дастрасии баландсуръатро ба манбаъҳои маъруф, аз ҷумла YouTube, TikTok, Instagram, Facebook, WhatsApp ва VK мувофиқи бастаи интихобшуда кафолат медиҳанд.

“Бо ҷорӣ гардидани силсилаи “Хонагӣ #365” мо интернети хонагиро боз ҳам қулайю муфид гардондем. Бо як маротиба пардохт кардан муштариён интернети устуворро барои тамоми сол ба даст оварда, то 2 моҳ пардохти абонентиро сарфа мекунанд. Ин имконияти муосир барои таҷрибаи бароҳату муттасили онлайнии тамоми оила мебошад”, – қайд кард Баҳром Носирҷонов, и.в. директор оид ба инкишоф ва корбурди таҳвили маълумоти собити баландсуръати (ТМСБ) ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

Тарофаҳои “Хонагӣ #365”-ро аллакай имрӯз дар идораҳои хизматрасонии ширкат ё тавассути рақами кӯтоҳи 4747 пайваст кардан мумкин аст. Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо ва тамоми имкониятҳои силсилаи нав дар сомонаи ширкат дастрас мебошад. Интернети муносиби худро барои хона интихоб карда, онро барои тамоми сол устувор, зуд ва қулай гардонед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *