Рубрики Pressa

Тоҷикистону Қатар ба роҳ мондани парвозҳои мустақимро баррасӣ намуданд


Дар шаҳри Давҳа вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе-Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва рушди бизнес-авиатсияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Зимни вохӯрӣ Ҳабибулло  Назарзода таъкид намуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 12 июни соли 2025 сиёсати «Осмони кушод» дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст”,-иттилоъ доданд аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Тоҷикистон.

Дар доираи ин сиёсат бо ҳадафи ифтитоҳи хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон то 40 фоиз тахфиф барои хизматрасониҳо пешбинӣ шудааст.

Аз навбати худ, Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар Муҳаммад Фалеҳ Ал Ҳаҷрӣ омодагии ҷониби Қатарро барои оғози парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Қатар аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар иброз дошт.

Ин мулоқот қадами муҳиме дар роҳи густариши ҳамкориҳои авиатсионӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии миёни ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *