Рубрики Pressa

60 бонуи ҳунарманд дар Суғд соҳиби грант шуданд


Дар вилояти Суғд ба 60 бонуи ҳунарманд грантҳои дастгирии соҳибкорӣ супурда шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҳангоми супоридани грантҳо таъкид кард, ки ҳунарҳои дастии тоҷикӣ бахше аз мероси фарҳангии миллат буда, дар тӯли таърих бо заҳмати ҳунармандон ҳифз ва рушд ёфтаанд.

Тибқи қарори Ҳукумат, ҳар сол барои дастгирии занони соҳибкор ва ҳунарманд 15 миллион сомонӣ ҷудо мегардад ва дар маҷмӯъ 200 грант ба ин самт равона мешавад.

Барномаи грантӣ ба густариши фаъолияти ҳунармандӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории занон дар минтақа мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *