Рубрики Pressa

Ҷаҳон Азонов: Агар модар ба кӯдак шири сунъӣ диҳад, меҳр кам мешавад


Профессор ва ғизошиноси маъруфи тоҷик Ҷаҳон Азонов мегӯяд, ки шири модар на танҳо ғизо, балки як муъҷизаи табиӣ барои рушди солимии кӯдак аст. Ба таъкиди номбурда, кӯдак бояд ҳадди ақал 6 моҳ танҳо бо шири модар ғизо гирад, зеро ин барои саломатии ҷисмонӣ ва устувории пайванди оилавӣ муҳим аст.

Профессор Ҷаҳон Азонов  зини як мизи мудаввар дар мавзӯи “Инъикоси натоиҷи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои бисёрсоҳавӣ оид ба ғизо дар Тоҷикистон” иброз дошт, ки шири модар ҳеҷ гуна маводи сунъиро иваз карда наметавонад. Тавре ки профессор иброз дошт: «Модарон бояд кӯдаконро ҳадди ақал 6 моҳ танҳо бо шири модар таъмин кунанд. Ин на танҳо ғизо, балки пайванди меҳру муҳаббати байни модар ва кӯдакро тақвият медиҳад».

Ҳамзамон, профессори тоҷик тавсия дод, ки агар имкон бошад, шири буз ҳамчун алтернатива барои кӯдак истифода шавад, зеро дар таркибаш казеин надорад ва осонтар ҳазм мешавад. Вай афзуд, ки шири гов ва дигар ғизоҳои сунъӣ ба шири модар мутобиқ нестанд ва барои кӯдак фоиданок нестанд.

Ба таъкиди Ҷаҳон Азонов, муҳаббат ва наздикии модар ба кӯдак тавассути сина додан ва рӯ ба рӯ бо кӯдак будан устувор мешавад. Ин муносибат оянда кӯдакро ба пуштибони модар ва шахси солим табдил медиҳад.

Масъулияти модарон дар таъмини ғизои солими кӯдак хеле муҳим аст. Ӯ гуфт: «Ҳамаи ин аз худи модарон вобаста аст. Агар модар кӯдакро бо шири сунъӣ таъмин кунад, эҳсоси меҳр ва пайванди кӯдак бо модар кам мешавад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *