Рубрики Pressa

АМИТ маркази нави таҳқиқоти об ва муҳити зист таъсис дод


Дар заминаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири сифати об ва экология ба истифода супорида шуд.  Ин озомишгоҳ бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода таъсис ёфтааст.

Таъсиси ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки таҳқиқот ва санҷиши илмӣ оид ба сифати об, таркиби химиявии он, омилҳои ифлоскунанда ва таъсири онҳо ба муҳити зист бо сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шавад.

Тавре ки аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд:

«Ин иқдом барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди устувор аҳамияти муҳим дорад».

Озмоишгоҳи нав ҳамчун маркази муҳим барои таҳқиқоти илмӣ дар самти об ва экология дар Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард ва ба рушди стратегияҳои устувори ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *