Имрӯз, 11 ноябр дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуд.
Дар маросим сафирони нави кишварҳои зерин эътимодномаҳои худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд:
– Ҷумҳурии Мардумии Чин – Го Ҷитсзюн;
– Иттиҳоди Аврупо – Радослав Дарски;
– Подшоҳии Дания – Йеспер Вар;
– Ҷумҳурии Юнон – хонум Екатерини Ксагорари;
– Ҷумҳурии Эстония – Яаап Ора;
– Гурҷистон – Давид Котария;
– Подшоҳии Ҳошимии Урдун – Ҳамза ал Умарӣ;
– Буркина Фасо – Аристид Рапугдондба Людовик;
– Ҷумҳурии Аргентина – Себастян Саюс;
– Ҷумҳурии Доминикан – Алехандро Ариас Сарсуэла.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафирони навро ба оғози фаъолияти дипломатиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар принсипи «дарҳои кушода» асос ёфтааст.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди фарогир бо кишварҳои ҷаҳон аҳамияти махсус медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube