Рубрики Pressa

Баррасии масъалаи бозгардондани зиндониёни тоҷик аз Ироқ


Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо сафари корӣ ба Бағдод рафт ва бо мақомоти баландпояи Ироқ масъалаи бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз зиндонҳои ин кишварро муҳокима кард.

Тибқи иттилои «Ховар», Юсуф Раҳмон дар мулоқот бо Абдуллатиф Рашид, Президенти Ироқ роҳҳои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намудааст.

Дар дидор бо Қосим Ал-Аъраҷӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ, гуфтугӯ асосан ба мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккил, инчунин пешгирии маблағгузории ин амалҳо бахшида шудааст.

Илова бар ин, Юсуф Раҳмон бо вазири адлияи Ироқ мулоқот анҷом додааст, ки дар он масъалаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вазъи маҳкумшудагони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ ва интиқоли онҳо ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳанӯз ҷузъиёти тавофуқҳои эҳтимолӣ дар мавриди бозгардондани зиндониён расман эълон нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *