Имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” ба кори худ оғоз кард. Дар форуми мавриди назар Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Ҳоким Холиқзода, муовини аввали Сарвазири мамлакат, меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ширкатҳои гуногун, сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз иштирокдорон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Форум дар толори Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон бо иштироки намояндагони корпусҳои дипломатӣ, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Русия, Эрон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Қирғизистон, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд идома кард.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” – ро минбари муҳими муколамаи созанда, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки рушди устувори иқтисодиёт бе ҳамкории байнидавлатӣ, бе равобити эътимодноки бахши давлатӣ ва хусусӣ имконнопазир аст.
Таъкид шуд, ки имрӯз вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат тараққикунандаи ҷумҳурӣ буда, қариб 4 миллион нафар, яъне 40 фоизи аҳолии кишвар дар он кору зиндагӣ мекунанд.
“Ин неруи инсонӣ бузургтарин сармоя барои рушд ба шумор меравад.Мо омодаем, ки ҳамкориҳои худро дар самтҳои омӯзиши муштараки кадрҳо, табодули таҷриба ва барномаҳои инноватсионӣ васеъ намоем”, – гуфт Давлаталӣ Саид.
Ҳоким Холиқзода, муовини аввали Сарвазири мамлакат гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва имрӯзҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
“Дар кишвар зиёда аз 240 имтиёзу сабукиҳо, аз ҷумла 110 имтиёзи андозию гумрукӣ ва сармоягузорӣ амал мекунанд. Инчунин, барои интиқоли даромади бадастомадаи сармоягузорон бо асъори хориҷӣ монеа вуҷуд надорад, – афзуд Ҳоким Холиқзода.
Ҳамчунин, дар идомаи Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва дигарон доир ба аҳамияти форум баромад намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube