Дар доираи сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Амрико, дар шаҳри Вашингтон Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Амрико баргузор шуд. Дар форум намояндагони зиёда аз 70 ширкати амрикоӣ, мақомоти давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкорони муваффақи ҳар ду кишвар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико мебошад.
Марҳилаи нави ҳамкориҳо
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки дар форум дар баробари роҳбарони сохторҳои давлатӣ, доираҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон, намояндагони Конгресс ва Вазорати тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, роҳбарони ширкатҳои Citi, Coca-Cola, Meta, SpaceX/Starlink, Nasdaq, Valmont, FLSmidth, Донишгоҳи Невада ва дигарон ширкат варзиданд.
Форум аз ҷониби Шурои тиҷоратии амрикоию тоҷикӣ (USTJBC) ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергияи “сабз”, саноати коркард, масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ гардиданд. Аммо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ атрофи форум ва маблағҳои имзошуда маълумоти бештар ироа накардааст.
$3 миллиард имзои созишномаҳо
Дар ҳамин маврид расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва мулоқотҳои дуҷониба миёни ширкатҳо ва ниҳодҳои расмӣ, тарафҳо як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллиард доллар ба имзо расониданд. Аз ҷумла, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо ширкати маъруфи амрикоии “Boeing” шартнома имзо намуд. Тибқи он Тоҷикистон 14 ҳавопаймои навъи Boeing 787 Dreamliner ва 737 MAX харидорӣ хоҳад кард. Ин имкон медиҳад, то соҳаи нақлиёти ҳавоии кишвар бештар рушд намояд. Ҳамчунин, барои садҳо мутахассиси тоҷик ҷойҳои нави корӣ фароҳам мешавад.
Дар бахши технологияҳои муосир Тоҷикистон бо ширкати “Starlink” (SpaceX) созишнома ба имзо расонд. Ҳадафи он фарогири тамоми қаламрави кишвар бо интернети босуръати моҳворавӣ мебошад. Ба андешаи коршиносон, иқдоми мазкур барои рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба иттилоот аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин, бо ширкати “Transparent Earth” созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 32,5 миллион доллар баста шудааст. Татбиқи он имкон медиҳад, ки захираҳои табиӣ дар кишвар бо истифода аз технологияҳои моҳворавӣ самаранок таҳқиқу истифода шаванд.
Дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва рақамигардонӣ бо ширкатҳои Perplexity AI ва Zypl AI тавофуқ ҳосил гардид. Онҳо ба ниҳодҳои давлатӣ дар самти татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ мусоидат мекунанд.
Ширкати маъруфи Coca-Cola, ки солҳои зиёд дар Тоҷикистон фаъолият дорад, изҳор намудааст, ки ҳаҷми сармоягузории худро ба 9 миллион доллари иловагӣ афзоиш медиҳад. Ин ҳам нишонаи эътимоди сармоягузорони амрикоӣ ба иқтисоди кишвар аст.
Ба ҷойи хулоса
Коршиносон ба ин назаранд, ки сафари Президенти Тоҷикистон ба Амрико ва натиҷаҳои он қадами муҳим дар таҳкими шарикии стратегии ду кишвар ба шумор меравад. Зеро дар шароити рақобати афзояндаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ин иқдом метавонад ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Инчунин, барои ҷалби сармояи мустақим ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ бо Амрико замина фароҳам меорад. Махсусан, созишномаҳои ба имзо расида имкони густариши иқтисод, рушди инфрасохтор, татбиқи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосирро дар Тоҷикистон фароҳам меоранд.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube