Рубрики Pressa

Зарари соҳибкорон ҷуброн мешавад? Ҷузъиёти сӯхтор дар бозори Панҷакент


Шаби 12 ноябр дар бозори”Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “латтабозор” маъруф аст сӯхтор сар зад. Аз Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар медиҳанд, ки сӯхтор тахминан соати 22:33 сар задааст. То ба ҳол сабабҳои сӯхтор муайян нашудааст.

Аз наворҳои нашргардида дар шабакаҳои ҷитимоӣ дида мешавад, ки алангаи оташ сокинонро ба ташвиш овардааст.

“Гулистон” яке аз бозорҳои калонтарини колофурӯшии шаҳри Панҷакент буда, миёни сокинон ҳамчун “латтабозор” маъруф аст.

Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон дар саҳифаи расмии худ дар “Инстаграм” навишт, ки дар бораи сӯхтор тахминан соати 22:33 хабар гирифта, барои хомӯш кардани оташ 7 нақлиёти оташнишонӣ ва 4 нақлиёти обкашонии муассисаи зертобеаш дар шаҳри Панҷакентро бо 87 нафар ҳайати шахсӣ сафарбар кардааст.

Аз шаҳрдории Панҷакент ба Pressa.tj гуфтанд, ки  сӯхтор аз даромадгоҳи бозор оғоз шудааст ва ҳудуди 792 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар натиҷа 280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағозаи шафати он зарари ҷиддӣ дида, комилан сӯхтаанд.

Тавре ишора шуд, то ба ҳол сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми зарари он муйян нашудааст. Аз Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон ва шаҳрдории Панҷакент ба Pressa.tj гуфтанд, ки омилҳои сӯхтор таҳқиқи мешавад ва ҳаҷми зарар низ муайян хоҳад шуд. дар ҳамин ҳол аз шаҳрдории Панҷакент хабар доданд, ки “Дар ҷараёни хомӯш кардани сӯхтор ба маблағи тахминан 27 миллион сомонӣ молу амволи дӯконҳои бозор ва манзилҳои истиқоматӣ аз сӯхтор эмин монданд”.

Аз шаҳрдории Панҷакент дар мавриди ҷуброни зарари соҳибкорон расман вокуниш нашудааст, вале рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки зарари соҳибкорон ҷуброн мешавад.

“Шукри Худованд, ки бо дахолати ҳамаи мақомотҳои шаҳри Панҷакент ва хосатан Раиси мардумии он Абдухолиқ Холиқзода оташ ба зудӣ хомӯш карда шуд ва пеши роҳи паҳн шудани  оташсӯзӣ гирифта шуд. Зарари соҳибкорон ҷуброн карда мешавад ва мо ҳамеша шукри ободии Ватани хеш ва Сарвари мамлакатамон мекунем. Дар айни замон оташ пурра хомӯш карда шудааст ва ҳама аз пайи бартараф кардани зарарҳои офатанд” – навиштааст Исмоил Зарифӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *