Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар 10 моҳи соли равон дар пойтахт 1312 волидайн бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Сабаби ин бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон будааст.
Ба иттилои милитсия, беназоратии волидон яке аз омилҳои асосиест, ки наврасонро ба қонуншиканиҳо ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин мебарад.
Мақомот мегӯянд, дар Душанбе ҳодисаҳои зиёди ҳуқуқвайронкунии наврасон ба қайд гирифта мешаванд ва дар аксари онҳо мушоҳида шудааст, ки фарзандон бе назорати падару модар буданд. Милитсия аз волидайн ва масъулони соҳа даъват мекунад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон беэътино набошанд ва масъулияти падару модариро ҷиддӣ риоя кунанд. Ёдовар мешавем, ки дар ҷанҷоли гурӯҳии толибилмони чанде аз мактабҳои пойтахт рӯзи якшанбеи 9 ноябр як наврас кушта шуда, як тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуд. Дар робита ба ин ҳодиса нисбати як наврас бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Акс: бо GhatGPT сохта шудааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube