Рубрики Pressa

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба муаллими тоҷик


Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия – «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварда, ба муаллим Партоев Ориф мошин тӯҳфа карданд.

Ориф Партоев омӯзгори забони русии МТМУ 24- и деҳаи Ҷербулоқи ноҳияи Темурмалик мебошад. Деҳаи мазкур аз маркази ноҳия 8 километр дур буда, роҳи ноҳамвор дорад.

Муаллим 18 сол буд, ки ин роҳи ноҳамворро пиёда тай карда, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Ӯ нисбат ба хонандагон ғамхору меҳрубон буда, маҳз меҳрубонӣ ӯро водор кард, ки аз назди 3 муассисаи дигар гузашта, ба он мактаб равад, зеро медонист, ки дар ин деҳа омӯзгор намерасад.

Чанде пеш муаллим Партоев Ориф аз ҷониби вазири маориф ва илм ва муовини Сарвазири кишвар бо нишони “Аълочии маориф ва илм” қадрдонӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *