Рубрики Pressa

Ҳабси маъмурии ду ҷавон дар Хатлон


Дар вилояти Хатлон ду ҷавон барои муноқиша ва латукӯби якдигар ба ҳабси маъмурӣ кашида шуданд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод.

Навори муноқишаи ин ду ҷавон чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад. Дар он дида мешуд, ки як ҷавонписар ва ҷавондухтар бо ҳам муноқиша доранд. Ин ҳодиса дар назди маркази дилхушии ноҳияи Шаҳритус рух додааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин ҳодиса шаби 15 ноябри ҳамин сол тахминан соати 23.00 дар назди тарабхонаи “Марҳабо”- и ноҳияи Шаҳритус рух додааст. 

Аз онҳо Собитҷон Мамадқулов, соли таваллудаш 20.05.1997 ва Заррина Назирова, соли таваллудаш 28.12.1996, истиқоматкунандаи н. Носири Хусрав ном бурда шудаанд.

Суд нисбати Мамадқулов ҷазо дар шакли 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва нисбати Назирова ҷазо дар шакли 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *