Рубрики Pressa

Шӯрои амният Тарҳи сулҳи Амрико барои Ғаззаро тасвиб кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи таҳиянамудаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Тарҳи сулҳи Доналд Трамп барои Ғаззаро бо 13 раъйи мувофиқ ва 2 раъйи бетараф аз ҷониби Русия ва Чин қабул намуд. Бо тасвиби ин санад, тарҳ ба марҳилаи нави иҷро ворид мегардад.

Қатъномаи нав замина фароҳам меорад, то дар Ғазза ҳукумати интиқолӣ ва нерӯи тасдиқкунанда бо иштироки қувваҳои байналмилалӣ ташкил карда шавад. Ба гуфтаи ҷонибдорони қарор, ин иқдом метавонад ба барқарории субот ва поён ёфтани вобастагии мардуми фаластинӣ аз кӯмакҳои хориҷӣ мусоидат кунад.

Майк Валтез, сафири ИМА дар СММ аз қабули қатънома истиқбол карда, изҳор дошт, ки он «бехатарии бештар» барои фаластиниён таъмин намуда, ба худкифоии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин, Ҳаммос эълон кард, ки ин қатънома «хостаҳо ва ҳуқуқи фаластиниён»-ро пурра таъмин намекунад ва нигарониҳои худро дар ин замина баён намуд.

Қаблан як қатор кишварҳои исломии минтақа, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Мутаҳидаи Араб ва Туркия  дар баёнияи муштарак аз Шӯрои амният даъват карда буданд, ки тарҳи пешниҳоди Амрикоро тасвиб кунад.

Ин таҳаввулот дар замоне рух медиҳад, ки пас аз ҳодисаи 7 октябри соли 2023, ҳамлаи гурӯҳи Ҳаммос ба Исроил ва оғози амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза, вазъ дар минтақа ба таври бесобиқа шиддат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *