Дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Корея гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар мулоқот намояндагони Вазорати нақлиёт, Бонки содиротию воридотии Корея (Eximbank), ширкати “PwC Korea”, консорсиумҳои “University of Seoul Industry Academic Cooperation Foundation” ва “Sejong Engineering Co., Ltd” иштирок доштанд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба оғози татбиқи се лоиҳа дар соҳаи нақлиёт ба имзо расид. Ба ин лоиҳаҳо шомил мебошанд:
- Таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи муқаддимавии маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб.
- Лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе – хатсайри №2 (аз бинои Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқии пойтахт).
- Лоиҳаи дастгирии машваратӣ барои Гуруҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе.
Тибқи созишнома, татбиқи лоиҳаҳо дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содиротию воридоти Корея аз ноябри соли 2025 то июли соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати нақлиёт тарҳи метрои шаҳри Душанберо нашр карда буд. Нақшаи ибтидоӣ сохтмони се хатти метроро пешбинӣ менамояд, ки аз минтақаи Сирк ба самтҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт тӯл мекашанд. Бо вуҷуди ин, масъалаи бунёди метро то ҳол дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube