Рубрики Pressa

Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо-2025 соҳиби медали нуқра шуд


Темур Раҳимов паҳлавони тоҷик  дар Лигаи чемпионҳои ҷудои Аврупо миёни бошгоҳҳо дар соли 2025 соҳиби медали нуқра гардид. Лигаи чемпионҳои ҷудо дар шаҳри Белгради Сербия доир гардид ва Темур Раҳимов дар вазни +90 кг дар ҳайати тими “Ред Стар”-и Сербия ширкат кард.

Дастаи “Ред Стар” мусобиқаро дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ оғоз намуда, бар тими “Акияма Саттимо”-и Италия бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ бошгоҳи ҷудои “Ред Стар” ғалабаро бар “Голден Гори”-и Гурҷистон бо ҳисоби 4 бар 0 ба даст овард.

Дар финали мусобиқа тими “Ред Стар” бо дастаи ҷудои “ПСЖ”-и Фаронса рақобат карда, бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб гардид. Темур Раҳимов дар финал дар вазни +90 кг бар Алишер Юсупови Ӯзбекистонӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамин тавр, тими ҷудои “ПСЖ” қаҳрамон ва соҳиби медалҳои тилло шуд. “Ред Стар”, ки дар ҳайаташ Темур Раҳимов баромад намуд, медалҳои нуқраро соҳиб гардид. “Голден Гори”-и Гурҷистон ва “Женис”-и Қазоқистон медалҳои биринҷии мусобиқаро тақсим карданд.

Темур Раҳимови 28 сола дар раддаи ҷудукорони серҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, тайи солҳои охир дар чандин мусобиқоти дохиливу хориҷи кишвар барандаи нишонҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шудааст. Ӯ баранди нишони нуқра (Фуҷайра; 2019) ва биринҷӣ (Бишкек; 2021)-и Қаҳрамонии ҷудуи Осиё, барандаи нишонҳои нуқра (Боку; 2021) ва биринҷӣ (Абӯзабӣ; 2021, Тел-Авив; 2022) мусобиқоти байналмилалии Тоскулоҳи бузург (Гран салам) ва нишони биринҷии Гран прии Мағриб (2019) мебошад.[6] Иштирок дори Бозиҳои тобистонаи олимпӣ(Токиё-2020).

Euronews 7 ноябри соли 2022 иттилоъ дод, ки Темур Раҳимов дар шаҳри Боку, кишвари Озарбойҷон дар вазни 100 кг медали тиллои мусобиқаи “2022 Judo Grand Slam Baku”-ро соҳиб шуда буд..

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *