Ба гузориши Агентии “Ховар ”, бо такя ба Сарраёсати Хадамоти даватии оташнишонии ВКД- Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 9 моҳи соли равон 985 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст,ки 23 миллиону 360 ҳазор сомонӣ ба амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон зарар ворид шудааст. Дар ин ҳодисаҳо 17 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли манобеъ, ҳодисаҳои оташсӯзӣ дар кишвар афзоиш ёфта, назар ба 9 моҳи гузашта 132 ҳолати сӯхтор бештар ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Сарраёсати Хадамоти даватии оташнишонии ВКД дар 9 моҳи соли ҷорӣ кормандони оташнишонӣ тавонистаанд, ки маблағи 684 миллиону 677 ҳазор сомонӣ молу амволӣ шаҳрвандонро аз сӯхтор наҷот додаанд.
Манобеъ гуфтаанд, “аксар ҳодисаҳои сӯхтор аз бе масъулиятӣ, беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оддӣ ба амал меояд”.
Бояд ёдовар шуд, охирин ҳодисаи сухтор шаби 12 – 13-уми ноябр дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент ба амал омада буд, ки дар он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати он ба коми оташ рафта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube