Рубрики Pressa

Гиромидошти 80- солагии ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъияти Муродуллоҳ Шерализода дар шаҳри Панҷакент


Рӯзҳои 26-27 ноябр  дар зодгоҳи ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ,  вакили Шӯрои Олии кишвар, нахустин сармуҳаррири нашрияи “ Садои мардум”, зиндаёд Муродуллоҳ Шерализода деҳаи Кулолии деҳоти Рӯдакӣ ва шаҳри Панҷакент 80- солагии ӯ бо иштироки доираи васеъи ҳамкорон, рӯзноманигорон ва аҳли адаб таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат ва дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  дастгирию маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр, саҳмгузории  соҳибкорону зодагон ва аҳли деҳа корҳои зиёди ободонӣ ба ҷо оварда шуд.

Оромгоҳи Муродуллоҳ Шерализода таъмиру таҷдид шуда, хона – музеи ӯ куллан бозсозӣ карда шудааст. Зинапояҳои оромгоҳ мармарпӯш шуда, пештоқ ва дохили он бо ҷалби мутахассисон намои нав гирифтааст.

Атрофи ҳудуди  хона – музей  деворбандӣ, дарвозаи нав насб карда, нигораҳое, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти ӯ ҳикоят мекунанд, аксҳо ва асноди гуногун ба маъраз гузошта шудаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, ки номи ӯро дорад, бо саҳмгузории  дастпарварони таълимгоҳ, сокинон ва омӯзгорон корҳои зиёди ободонӣ ба ҷо оварда шудааст. Саҳни таълимгоҳ ва атрофи нимпайкараи ӯ сафолак ва бетонпӯш шуда, кабинетҳои фаннӣ, толори варзиш таъмир гардида, китобхонаи мактаб бозсозӣ ва бо адабиёти ҷадиди бадеию илмӣ–оммавӣ таъмин шудааст.

Ҳамчунин даромадгоҳи беморхонаи минтақавии Кулолӣ азнавсозӣ ва сабзпӯш, кӯчаҳои деҳа тозаю озода ва мумфарш карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *