26- уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 570- солагии Камолиддини Беҳзод конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои АМИТ “Ховар” конфронс таҳти унвони “ Таъсири байнифарҳангӣ дар санъати миниатура ва нақши Камолиддини Беҳзод ” бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин чорабини меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Фаронса иштирок мекунанд.
Камолиддин Беҳзод намояндаи бузургтарини мактаби эҷодӣ минётурнигории Ҳирот дар асрҳои 14 ва 15 мебошад.
Реализми осори Беҳзод бештар дар нигоришҳое падид мешавад, ки ҳаёти воқеии мардумро ифода мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube