Рубрики Pressa

Намози истисқо дар масҷидҳои Ӯзбекистон хонда мешавад!


Ба гуфтаи Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, рӯзи 28- уми ноябр  пас аз адои намози ҷумъа дар тамоми масҷидҳои Ӯзбекистон намози истисқо (талаби боридани борон)  гузошта мешавад.

Ин пешниҳод аз ҷониби шайх Нуриддин Холиқназар, муфтӣ ва раиси Идораи мусалмонони Ӯзбекистон ироа шудааст.  

Ба иттилои манбаъ ин пешниҳод дар асоси бебориш омадани тирамоҳӣ имсола гирифта шудааст.

“Намози дуракатии истисқо бо тавба, дуо ва дархости бахшиш рӯзи 28-уми ноябр, пас аз намози ҷумъа дар ҳамаи масҷидҳо кишвар хонда мешавад”, – навиштааст, Идораи мусалмонони Ӯзбекистон.

Дар моҳи ноябри ҳамин сол дар чанд шаҳрҳои Эрон низ мардум барои талаби боридани борон намози истисқо хонада буданд.

Намози борон (салоти истисқо) аз замони пайғомбари ислом Муҳаммад(с) оғоз гардидааст. Ҳадисҳо нишон медиҳанд, ки ҳар вақт дар Мадина хушксоли мешуд, Пайғомбар(с) бо асҳобаҳо ба саҳро мебаромаданд ва истисқо мекарданд.

Онҳо ду ракъат намози махсус мехонданд ва баъдан дуо мекарданд.

Бо паҳншавии ислом дар кишварҳои арабӣ, форсӣ, туркӣ ва Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо, намози борон ҳамчун як суннати мустаҳкам қабул шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *