Рубрики Pressa

Арабистони Саудӣ мехоҳад се мағозаи нави машруботи спиртӣ боз кунад


Арабистони Саудӣ қаст дорад, се мағозаи нави машруботи спиртӣ, аз ҷумла барои кормандони ғайримусулмонии ширкати нафтии “Оромку” боз кунад.

Ба навиштаи хабаргузории ”Reutes”, рӯзи душанбе 24 ноябр бо такя ба манобеъи огоҳ хабар дод, ки яке аз дӯконҳо дар минтақаи Заҳрон ва дар дохили яке аз коргоҳи ширкати нафтии “Оромку” таъсис дода мешавад. Дар асоси ин гузориш, ифтитоҳи дӯконҳо дар вилояти шарқии Заҳрон ва як фурӯшгоҳ барои дипломатҳо дар шаҳри бандарии Ҷидда кушода мешавад.

Манбаҳои огоҳ гуфтанд, итизор меравад, ки ҳарду мағоза дар соли 2026 кушода шавад, ҳарчанд санаи дақиқ эълон нашудааст. Соли гузашта Арабистони Саудӣ аввалин дӯкони расмии машруботи спиртиро дар Риёз пас аз манъи беш аз ҳафтодсола барои дипламатҳои ғайриисломӣ боз кард.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *