Дар доираи бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ба ҳам бози анҷом доданд. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 15 150 нафар мухлис баргузор гардид, ки бо ҳисоби 4 бар 0 ба ба фоидаи дастаи “Ал-Наср” анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати “Ал-Наср” Жоау Феликс аз зарбаи пеналтӣ дар дақиқаи 12-ум, Муҳаммад Симакан дар дақиқаи 40-ум, Садио Мане дар дақиқаи 84-ум ва Айман Яҳё дар дақиқаи 90+2-юм ба дарвоза ворид карданд.
Даври охири марҳилаи гурӯҳӣ “Истиқлол” дар сафар бо “Гоа” ва “Ал-Наср” дар хона бо “Ал-Завраа” бозӣ мекунанд. Ин вохӯриҳо 24-уми декабр баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube