26 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар пешвоз гирифтанд.
Инчунин, ба хотири пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари Қирғизистон барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube