ВАШИНГТОН, 27 ноябр. «Pressa .tj». Дар натиҷаи тирандози дар наздикии Кохи Сафед ду узви Гвардияи миллии Амрико ба ҳалокат расидан.
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамлае, ки дар назди Кохи Сафед рух дод, ва боис ба марги ду нафар узви Гвардияи миллии кишвараш шуд, «амали террор» ва «ҷиноят бар зидди миллат» номид. Тавре ки раҳбари ИМА дар муроҷиати видеоии худ изҳор намуд, гунаҳкор сахттарин ҷазоро хоҳад гирифт, навиштааст BBC бо такя ба манобеъи худаш дар Вашингтон.
Ба навиштаи “CBS”, Вазорати амнияти меҳани Амрико расман дар бораи ҳувияти муҳоҷим ба нерӯҳои Горди милли дар Вашингтон Дисиро тайид кард ва аз он фарди муҳоҷим “Раҳматулло Ракнавол, шаҳрвани Афғонистон”, ном бурда аст. Ин манбаъ ҳамчунин тайид карда аст, ки Ракнавол дар соли 2021 бо визаи инсондӯстона таҳти номи “Амалиёти истиқбол аз мутаҳидон” вориди Амрико шуда аст.
Пас аз тирандози муқобили Кохи Сафед, ки гунаҳкори ин амал як шаҳрванди Афғонистон муаррифи шуд, Хадамоти шаҳванди ва муҳоҷирати Амрико эълон кард, ки расидаги ба ҳамаи дархостҳои муҳоҷиратӣ аз шаҳрвандии Афғонистонро ба таври номаҳдуд мутавақиф карда аст.
Ба иттилои “CBS”– фарди мутаҳам ба куштани ду узви Горди миллии Амрико, паноҳандагии худро ҳаминсол дарёфт кардааст.
Шабакаи “Fox News”, ба нақл аз манобеи худ дар Амрико навишта аст, ки Рамонуллоҳ Лакнаволи 29 сола шаҳрванд Афғонистон аст, ки ба тирандози ба ду узви Горди миллии Амрико мутаҳам аст, пештар дар Афғонистон бо чандин ниҳоди давлатӣ Иёлоти Мутаҳида аз чумла Созмони “CIA” ҳамкори дошта аст. Раҳмонуллоҳ Лакнавол дар замони хидмат ба унвони як узви нерӯи ҳамкори Амрико дар Қандаҳор кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube