Рубрики Ozodi

Дар ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шудаанд



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода, гуфтааст, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Чин ба ҳалокат расидаанд.

Дар баёнияи вазорат, ки рӯзи 27-уми ноябр нашр шуд, омадааст, ҳамла шаби 26-уми ноябр аз қаламрави Афғонистон ба қароргоҳи кормандони як ширкати истихроҷи тило бо номи «Шоҳин СМ» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сурат гирифтааст.

Дар баёния омадааст: «Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ” — шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд.»

Вазорати умури хориҷӣ ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон ва марги се шаҳрванди Чинро қотеона маҳкум карда ва аз Толибони ҳоким дар Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.”

Дар баёнияи вазорат омадааст, ки бо “вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.”

Хабар ба зудӣ такмил мешавад, аз ин рӯ бозгашт ба саҳифаи Радиои Озодиро фаромӯш накунед.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *