Рубрики Pressa

Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон баргузор мешавад


 2- уми декабр  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд, дар ин бора хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Чин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳунармандони чинӣ пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар  назар аст, ки вохӯрии вазирони фарҳанги ду давлат доир мегардад. Инчунин меҳмонон мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳри Душанберо тамошо мекунанд. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Бохтар сафар намуда, ба сокинони онҷо барномаи фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ карда мешавад.

 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *